Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
мекунанд. Чунин нишондиҳанда дар натиҷаи фароҳам овардани шароитҳои лозима ва имтиёзҳои гуногун ба даст оварда шудааст.
Масалан, дар ҳудуди "шаҳрҳои наздибаҳрии озод" ноҳияҳои махсуси иқтисодӣ, минтақаҳои тараққиёти техникию иқтисодӣ, ноҳияҳои иқтисодии озод бунёд шуда буданд.
Бо талаботи сармоягузорони хориҷӣ, аз соли 1992 сар карда, бо қарори Шӯрои давлатӣ як қатор шаҳрҳои наздисарҳадӣ ва марказҳои маъмурии ҳамаи музофотҳои дохиликонтиненталӣ ва ноҳияҳои мухтор барои ҷаҳониён статуси "шаҳрҳои озод"-ро гирифтанд. Дар шаҳрҳои калонтарин ва миёнаи кишвар 15 минтақаи озоди беандоз, 32 минтақаи техникию иқтисодӣ ва 52 минтақаи дорои технологияи нав ва олии аҳамияти давлатӣ дошта бунёд гардиданд.
Дар ин солҳо барпо кардани минтақаи беандоз, қадами наве ба ҳисоб мерафт ва мувофиқи нақшаи Ҳукумати Хитой бояд барои инкишофи робитаҳои хориҷӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ хизмат мекард. Минтақаи беандоз минтақаи махсусест, ки пурра аз давлат ҷудо карда шудааст ва дар ҳудуди он бисёртар соҳаҳои саноати коркарди маҳсулот ҷойгир мешаванд ва тиҷорати хориҷӣ дар он ба авҷи аъло ба роҳ монда шудааст.
Ҳамин тариқ, дар муддати 12 сол ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Хитой барои ҷаҳони беруна тавассути сохторҳои навбунёди минтақаҳои махсуси иқтисодӣ (ММИ), шаҳрҳои наздибаҳрии озод (ШБО), минтақаи озоди иқтисодии наздибаҳрӣ (МОИБ) пурра кушода буд. Натиҷаҳои солҳои охир нишон доданд, ки аз ин сохторҳои навбунёд минтақаҳои махсуси иқтисодӣ бештар тараққӣ ёфтаанд. Дар ҳудуди ин 5 минтақа бештар барои ривоҷ додани саноати коркарди маҳсулот, ки асосан ба истеҳсоли молҳои содиротӣ сару кор доранд, эътибори калон дода шудааст. Барои пешрафти соҳаи саноати коркарди маҳсулот тамоми сохторҳои ёрирасон, ба мисли комплексҳои илмию тадқиқотӣ, истеҳсолоти ёрирасон, савдо, хизмати маишӣ омода карда шуда буданд. Дар ҳудуди ин минтақаҳо сиёсати махсуси иқтисодӣ ҷорӣ шуда, ба роҳбарияти онҳо барои идора кардан имтиёзҳои калон ва мустақилияти беҳудуд додааст. Ҳукумати Хитой ба ин минтақаҳои махсуси иқтисодӣ баҳри

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор