Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

барқарор намудани робита бо олами беруна ва ба мақсади бештар ҷалб кардани сармояи хориҷӣ озодии комил додааст. Ба сармоягузорони хориҷӣ нисбат ба дигар минтақаҳои бунёдшуда доир ба андоз ва режими визагӣ имтиёзҳои махсус муҳайё кардааст.

Мақсад аз бунёди минтақаи махсуси иқтисодӣ дар он аст, ки аз як тараф агар, ба воситаи онҳо мамлакатҳои ҷаҳон сиёсати давлатии Хитойро дарк кунанд, ки дар он бо вуҷуди мамлакати сотсиалистӣ буданаш дигаргуниҳои ҷиддӣ ба вуҷуд омадаанд ва аз тарафи дигар, бо роҳи ҳавасмандкунӣ сармояи хориҷиро ҷалб карда, воридоти техника ва технологияи навтаринро метезонад, намудҳои ҳозиразамони роҳбариро меомӯзад ва иттилооти пурраро оид ба вазъи имрӯзаи бозори ҷаҳонӣ дастрас мекунад. Давлат ба минтақаҳои махсуси иқтисодӣ барои харҷи бештар ривоҷ додани содироти мол, ба мамлакат зиёдтар ворид кардани асъори хориҷӣ, иштирок дар ҳамкории техникию иқтисодии байналмилалӣ, тайёр кардани мутахассисони соҳаи тиҷоратию иқтисодии байналмилалӣ, ҳамкории илмию техникӣ масъулияти зиёд додааст.

Аз тарафи давлат додани имтиёзҳои номбурда, дар даҳсолаи охир нисбат ба солҳои аввали бунёдашон, иқтисодиёти 5 минтақаи махсуси иқтисодӣ нисбат ба минтақаҳои дигар босуръат инкишоф ёфта, аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле пуркудрат гардиданд. Масалан, дар минтақаи махсуси иқтисодии Шенчжэн ҳаҷми умумии солонаи маҳсулот ба ҳисоби миёна 45,36%, аз ҷумла, маҳсулоти саноат 61,65% ва ҳаҷми содирот 63,71% афзудааст.

Соли 1992 ҳаҷми умумии содирот ва воридоти 5 минтақаи махсуси иқтисодӣ 24,3 млрд. доллари америкоиро ташкил намуда бошад, соли 2000 он ба 36,2 млрд. расид, ки 20,4 фоизи ҳаҷми умумии содирот ва воридоти мамлакатро ташкил мекард.

Ҳамин тариқ, бо сабаби бунёди минтақаҳои озоди иқтисодӣ барои якбора ривоҷ додани робитаҳои иқтисодии хориҷӣ ва тиҷорати хориҷии мамлакат шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Маҳсулоти истеҳсоли дохили ватанӣ дар минтақаҳои махсуси иқтисодӣ ва минтақаҳои беандоз аз нав коркард шуда, қисми зиёди он аз мамлакат содир карда мешуд. Дар натиҷаи гузаронидани

пешина
аз 785
навбатӣ