Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

ислоҳоти иқтисодӣ муомилоти Хитой аз 20,1 млрд. доллар дар соли 1978 то 165,6 млрд. доллар дар соли 1992 ва 360,7 млрд. доллар дар соли 1999 афзуд, ки нисбати солҳои аввали ислоҳот 17.9 маротиба зиёд аст.

Агар дар ин давра ҳиссаи воридот дар Маҷмӯи Маҳсулоти Миллии мамлакат аз 4% то 20% афзуда бошад, пас ҳиссаи содирот бо вуҷуди талаботи зиёди Хитой ба таҷҳизот, воситаҳои ҳозиразамони техникӣ, технология, ноу-хау панҷ маротиба афзудааст. Агар соли 1979 он 5%-ро ташкил карда бошад, соли 1992 ҳамагӣ 10% ва соли 2000 - 11,2% ташкил намудааст. Маҳсулоти саноати бофандагӣ ва саноати сабук аз содироти байналмилалӣ вобастагии калон дорад.
Масалан, тибқи ҳисоботи мақомоти назорати саноатӣ, агар матоъҳои пахтагин 52%, абрешимӣ 65% вобастагӣ дошта бошанд, нисбати кулли маҳсулоти саноати сабук ин рақам 48%-ро ташкил медиҳад.

Дар таркиби содироти Ҷумҳурии Халқии Хитой 75-80%-и воридоти асъори хориҷиро арзиши молҳои истеҳсоли Хитой ташкил мекунанд ва нисбати ин нишондиҳанда Хитой дар ҷаҳон (1999) ҷои 13-умро ишғол мекунад.

Бояд зикр кард, ки бо вуҷуди ҳарчи бештар зиёд кардани номгӯи молҳои содиротӣ ва ҳаҷми муомилот савдои хориҷии Хитой бояд ҳарчи бештар ба ин кишвар техника ва технологияи нав ворид кунад ва дар солҳои охир патент ва лицензияҳое бояд харидорӣ кард, ки давлат тавонад дар мӯҳлати кӯтоҳтарин дар истеҳсолоти ватании худ навигариҳои ин патентро ҷорӣ кунонад, намуди нави дастгоҳ ё ягон моли дигари истеҳсолшударо ба бозори ҷаҳонӣ барорад.

Агар солҳои 1990-1995 нисбат ба даҳсолаи пеш маблағи умумии воситаҳои техникӣ ва дастгоҳҳое, ки бо созиномаи литсензионӣ ба Хитой ворид карда шудаанд 12,5 % афзуда бошад, пас дар панҷсолаи охир (1995-2000) ин рақам ба 22% расид.

Таҳлили комёбиҳои дар соҳаи саноат бадастомада нишон дод,
ки зиёда аз 60% афзоиши маҳсулот дар натиҷаи ворид кардани
техника ва технологияи ҳозиразамон ба даст омадааст. Бартари кори
дар он буд, ки бо шарофати воситаҳои техникӣ аз давлатҳои дигар
харидани ашёи хом ва маҳсулоти нимтайёр барои саноати сабук ва

пешина
аз 785
навбатӣ