Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
хӯрокворӣ кам мешуд. Дар корхонаҳои навбунёди хитоӣ тамоми намудҳои маҳсулоти кишоварзӣ, моҳидорӣ аз нав коркард мешуданд. Талафёбии маҳсулоти кишоварзӣ тамоман барҳам дода шуд.
Дар номгӯи молҳои содиротӣ низ тағйироти куллӣ ба вуҷуд омад. Ҳиссаи содироти ашёи хом хеле кам шуда (соли 1995 нисбат ба соли 1990 24% камтар), ҳаҷми молҳои тайёри саноатӣ (газвор, маҳсулоти электронӣ, саноати мошинсозӣ) рӯз ба рӯз меафзуд.
Хитой дар содироти матоъҳои пахтагин ва абрешимӣ дар байни давлатҳои ҷаҳон дар ҷои аввал меистад. Маснуоти саноати бофандагии Хитой яке аз манбаъҳои асосии даромади мамлакат ба шумор меравад. Аммо солиҳои охир бисёр давлатҳои дунё ба мақсади ҳифзи саноати маҳаллии худ дар роҳи ҳаракати матоъҳои истеҳсоли Хитой монеъаҳои зиёдеро ба миён меоваранд. Масалан, ШМА, агар ба 75%-и номгӯи маснуоти саноати бофандагии Хитой андози воридотро зиёд карда бошад, Иттиҳоди Аврупо барои воридоти молҳои тайёри саноати бофандагӣ квотаҳои маҳдудшударо барои ҳаҷми воридоти мол муайян намудааст.
Лекин, бо вуҷуди ҳамаи ин монеаҳо Хитой дар байни мамлакатҳои содиркунандаи матоъ ба давлатҳои ШМА, Канада ва Иттиҳоди Аврупо ҷои аввалро ишғол мекунад. Барои аз даст надодани пешсафӣ дар тиҷорати байналмилалӣ дар Хитой корҳои зиёде анҷом дода шудаанд. Дар ҳолатҳои ба номгӯи молҳои маҳдуд дохил шудани ин ё он намуди мол корхонаҳои истеҳсолии Хитой фавран ба беҳтар кардани сифати маҳсулот ва болоравии нархи он сар мекунанд. Дар натиҷа бо содироти миқдори ками маҳсулот, онҳо аз маҳдудияти квота раҳоӣ ёфта, асъори хориҷии нисбатан зиёдтарро ба кишвари худ ворид мекунанд.
Соли 1996 маҷмӯи содироти маҳсулоти мошинсозӣ ва электротехникии Хитой ҳамагӣ 20%-ро ташкил медод. Ба номгӯи молҳои саноати мошинсозӣ дастгоҳҳои коркарди металл, киштисозӣ, велосипед, асбобу анҷоми барқӣ барои рӯзгор дохил мешаванд. Ворид шудани чунин молҳо ба бозори ҷаҳонӣ аз ҷиҳати паст будани сифаташон бо интиқолдиҳандагони чунин маҳсулоти истеҳсоли Тайван, Кореяи Ҷанубӣ рақобат карда наметавонад. Аз ин сабаб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор