Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
соли 1996 ҳиссаи маҳсулоти мошинсозии Хитой дар содироти ҷаҳонӣ ҳамагӣ 0,6%-ро ташкил мекард.
Аммо дере нагузашта, бо сабаби пешрафти илму техника, татбиқи навовариҳои зиёд ва аз ҷумла бо сабаби муттаҳидшавии Тайван бо Ҷумҳурии Халқии Хитой якбора ҳиссаи маҳсулоти мошинсозии Хитой дар соли 1999 ба 3,3% расонида шуд.
Агар то солҳои 1990 муомилоти молии Ҷумҳурии Халқии Хитой бештар бо давлатҳои лагери сотсиалистӣ ба роҳ монда шуда бошад, пас дар даҳсолаи охири асри ХХ самти асосии савдои хориҷии ин мамлақатро муомилот бо давлатҳои аз ҷиҳати саноатӣ тараққикардаи дунё ташкил менамуд. Соли 1996 ҳаҷми савдои хориҷии Хитой бо давлатҳои Ғарб 58%-ро ташкил мекард. Шарикони асосии савдои Хитой давлатҳои Япония, ШМА, кишварҳои Европаи Ғарбӣ, Россия ба шумор мераванд. Хитой аз ин давлатҳо зиёда аз 70%-и хариди техника ва 90%-и хариди ҳуҷҷатҳои техникиро анҷом дод.
Бояд қайд кард, ки роҳбарияти Хитой солҳои охири асри ХХ дар асоси тавсияҳои экспертҳои таҷрибадор бисёртар дастгоҳҳои саноатиро аз Япония мехарид. Муомилоти молии савдои хориҷии Хитой ва Япония нисбат ба воситаҳои техникӣ зиёда аз 50%-ро ташкил мекард. Гап дар сари он аст, ки Япония яке аз давлатҳои аз ҷиҳати ҷуғрофӣ наздиктарин бинобар ба бозсозиҳои Хитой боварии комил доштанаш ба Ҳукумати Хитой кӯмакҳои зиёди иқтисодӣ расондааст. Дар баробари ин мутахассисони японӣ таҷрибаи бои кишвар ва кӯмаки худро дар бобати бароҳмонии истеҳсолот, мустаҳкам кардани вобастагии корхонаҳо, маркетинги мол, масъалаҳои вобаста ба менеҷментро аз дӯстони хитоии худ дареғ намедоштанд. Ҳукумати Япония дар хариди воситаҳои техникӣ, хатҳои нави истеҳсолӣ ба Ҳукумати Хитой имтиёзҳои зиёд муҳайё намудааст.
Авҷгирии муомилоти молии Хитой бо ШМА таърихи қариб 20-сола дорад. Хитой аз Америка маҳсулоти дорои дараҷаи баланди техникӣ, ҳавопаймоҳо, таҷҳизоти электротехникии ҳисоббарорро харида, супоришҳои зиёди ширкатҳои бузурги америкоиро иҷро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор