Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

мекард. Аввалин супориши Ҳукумати ШМА ба Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки зиёда аз 30 млрд. долларро ташкил мекард, матоъ ва либосҳои пахтагин буд. Хитой то солҳои 90-ум асосан пахта ва матоъҳои пахтагин, нах ва матоъҳои абрешимин, сачоқ, молҳои трикотажӣ, термосҳои гуногун, молҳои бижутерӣ, гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ, меваҷот, фундук (арахис) ва ғайра ба ШМА мефиристод. Аз соли 1995 сар карда ба ғайр аз молҳои номбурда, ба ШМА таҷҳизоти дақиқи электронӣ, асбобҳои рӯзгор, аз қабили дарзмол, шарбаттайёркунак, чойникҳои барқӣ, самовор, ченкунаки фишори хун, таҷҳизоти саноати сабук, қисмҳои алоҳидаи ҳавопаймоҳою чархболҳо содир карда мешуданд. Соли 1999 афзоиши солонаи содироти хориҷӣ 6,1 фоизро ташкил намуда, ҳаҷми он ба 194.9 млрд.
доллар расонида шуд. Робитаи иқтисодии хориҷии Хитой ба давлатҳои узви Иттиҳоди Европа асосан баъд аз соли 1980 хеле инкишоф ёфт. Диққати европоиҳоро захираи бои сарватҳои табиии Хитой, аз ҷумлаи ангиштсанг, нафт, фулузоти ранга, ҳамчунин матоъҳои пахтагин ва абрешимӣ ҷалб мекард. Давлатҳои Европа нағз медонанд, ки дар солҳои босозии иқтисодӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Хитой 148 номгӯй захираи сарватҳои табиӣ кашф карда шудааст. Аз ҷиҳати ҳаҷми умумии захираҳо Хитой дар миқёси ҷаҳон ба ҷои сеюм баромадааст. Захираҳои умумии маъдани оҳан 50,1 млрд. тонна, захираи конҳои ангиштсанг бошад, 970 млрд.
тоннаро ташкил медиҳад. Дар охирҳои асри ХХ шумораи чоҳҳои кашфшудаи нафти хом ба 246 адад расид, ки дар 130-тои он аллакай ба истеҳсоли нафти хом шурӯъ карданд. Соли 1999 шумораи конҳои нави кашфгардидаи канданиҳои фоиданок 185 ададро ташкил дод.
Дар 41 ноҳия захираҳои нав муқаррар карда шудаанд, аз ҷумла захираҳои кашфшудаи нафт 660 млн. т, гази табиӣ - 92,7 млрд. метри мукааб, ангишт - 400 млн. тонна.

Хитой аз ҷиҳати захираҳои фулузоти ранга - волфрам, сурма,
қалъагӣ, рух, молибден, сурб, симоб дар ҷаҳон дар ҷои аввал меистад. Захираи металлҳои нодири Хитой аз кулли захираҳои кишварҳои дунё зиёд аст. Захираи азими давлати Хитойро ба назар гирифта, Иттиҳоди Европа бо мақсади ҳарчи тезтар ба манбаъҳои

пешина
аз 785
навбатӣ