Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

бузурги ашёи хом расиданро кӯшиш намудааст. Мувофиқи барномаи «Осиё-Европа» Иттиҳоди Европа бо истифодаи хатҳои роҳи оҳани амалкунандаи Россия, барқарор кардани сохтмони «Трансиб» мақсад дорад ба дарёчаи Туманной дар сарҳади хушкии Россияю Хитой наздик шуда, ба ҳудуди Ҷумҳурии Халқии Хитой роҳ кушояд.
Албатта, барои иҷрои ин мақсад сармояи калон ва иштироки якчанд давлат лозим аст. Бо бунёди он иқтисоддонҳо ҳисоб карда баромаданд, ки муомилоти молие, ки танҳо дар хати роҳи оҳани Шарқи Дур ба даст оварда мешавад, дар як сол 15 млрд. доллари америкоиро ташкил мекунад.

Агар соли 1995 муомилоти савдои хориҷии Хитой ва Иттиҳоди Европа 3 млрд. долларро ташкил карда бошад, соли 2000 он ба 6,8 млрд. расид. Дар натиҷаи ба истифода додани роҳи оҳани «Осиё-Европа» муомилоти савдои хориҷии Хитой ва давлатҳои Иттиҳоди Европа дар як сол ба 50 млрд. доллари ШМА расонида мешавад.
Дар ин бахш албатта, ба ёд овардани робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Халқии Хитой бо Россия айни муддао мебуд.

Аз рӯзҳои аввали истиқлолият Ҷумҳурии Халқии Хитой дар паҳлуи худ халқи гуногунмиллати Иттиҳоди Шӯравиро дид.
Банақшагирии сохтмонҳои азими саноати вазнин, саноати сабук ва хӯрокворӣ, бунёди шаҳрҳои нав, омода сохтани роҳҳои оҳан ва автомобилгард, сохтмони ҳазорҳо обанборҳо, кӯпрукҳо, сохтмони аввалин нерӯгоҳи атомӣ бе иштироки Иттиҳоди Шӯравӣ имконнопазир буд.

Муомилоти тиҷорати хориҷии ин ду давлат миллиардҳо доллари америкоиро ташкил медод. Иттиҳоди Шӯравӣ ба Хитой маснуоти саноати вазнин, дастгоҳҳои кӯҳканӣ, харротию буррандагӣ, нақлиёти гуногунтамға, таҷҳизоти техникии барқӣ, ноқилҳои гуногун, таҷҳизоти саноати бофандагӣ, таҷҳизот барои ҳар гуна корҳои озмоишӣ, қатораҳо, ҳавопаймоҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо, мошинҳои сабукрав ва боркаш, маводи нафт, чӯян, оҳани гуногун (тунука, қубур), сода, маҳсулоти пластикӣ, семент, шиша, чӯб ва маҳсулоти чӯбӣ, яхдон ва дигар асбобу анҷоми рӯзгор содир мекунад.

пешина
аз 785
навбатӣ