Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба робитаҳои ҳавоӣ. Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илму техника байни ҳукуматҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия. Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи муҳити атроф. Эъломияи муштарак. Меморандуми ҳусни тафоҳум дар шаҳри Душанбе ба имзо расиданд.

Моҳи май соли 1996 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Туркия ба ин кишвар ташрифи расмӣ ба амал овард. Дар ҷараёни ин сафар 10 ҳуҷҷати расмӣ миёни Тоҷикистону Туркия ба имзо расиданд. Аз ҷумла, Эъломияи муштарак, Созишнома оид ба ҳамкории ҳуқуқӣ дар соҳаи масъалаҳои шаҳрвандӣ, бозаргонӣ ва ҷиноятӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия. Созишномаи консулӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия. Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобили сармоягузориҳо. Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба роҳ надодан ба андозситонии дукарата. Созишнома оид ба нақлиёти байналмилалии автомобилӣ байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Туркия. Созишномаи байни вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати тандурустии Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи илми тиб ва тандурустӣ. Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Туркия. Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи варзиш байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Туркия. Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи туризм байни ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳукумати Ҷумҳурии Туркия.

То имрӯз бештар аз 20 ҳуҷҷат, ки заминаи мустаҳками шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркияро ташкил медиҳанд, ба имзо расидаанд.

Дар қаламрави Тоҷикистон якчанд корхонаи муштараки Тоҷикистону Туркия фаъолият доранд. Аз ҷумла, "Тоҷ-Сера".

пешина
аз 785
навбатӣ