Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
"Ҷамъияти саҳомии байналмилалии Тоҷикистон-Туркия", "Шариф-турк", "Абдуламон", "UR - АК", "Азизбек", "Дӯстлик", "Нӯшокихон Тоҷикистон ЛТД" ва намояндагии фирмаи "Чагри ЛТД". Навъи асосии фаъолияти ин корхонаҳои муштарак сохтмони корхонаҳои бофандагӣ ва фаъолияти тиҷоратию савдо ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар Тоҷикистон корхонаҳои пурра ба сармоягузорони туркӣ тааллуқдошта фаъолият менамоянд. Аз ҷумла, "Долфин ДТ.ЛТД ШТИ", "Фараҳ", "Ахат-Тек", "Тунахан", "Атланта", "Мервер", "Читақ Гида", "В.Н.С.Л.Ш." ва "Шалола-1".
20-26 сентябри соли 2000 Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳайати расмии Ҷумҳурии Туркия бо сарварии Вазири давлатии Туркия Абдулҳолики Чой дидан намуд, ки дар амалӣ шудани ин сафар намояндагии тиҷоратии Тоҷикистон дар Туркия низ саҳми худро гузоштааст. Мувофиқи барномаи вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Тоҷикистон, ки аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда буд, бо шахсони масъули давлатӣ, вазирони вазоратҳои гуногун ва роҳбарони корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯриҳои зиёде гузаронида шуданд.
Дар рафти ин сафар тарафи намояндагони Туркия розигии худро барои аз нав барқарор кардани созишнома оид ба қарзи давлатӣ аз тарафи "Экзенбонк"-и Туркия изҳор кард. Аз маблағҳои истифоданашуда 8 миллион доллари амрикоӣ барои инкишофи истеҳсоли алюминий ба корхонаи алюминийи Тоҷикистон ва 12 миллион долларро барои дастгирии соҳибкорӣ ва бунёди корхонаҳои муштараки номбурда пешбинӣ намуданд. Дар рафти ин сафар дар баробари таъсиси комиссияи муштараки иқтисодии Тоҷикистон ва Туркия, Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Туркия оид ба ҳамкории дарозмуддати савдои тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсолот ва протокол оид ба ҳамкории техникии байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркия ба имзо расид.
Мутобиқи созишномаи баимзорасида оид ба робитаҳои ҳавоӣ ҳар ҳафта як маротиба ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Чорҳанд парвоз мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор