Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Ҳамин тариқ, дар натиҷаи баҳодиҳии ММД ва муқоиса намудани натиҷаи он бо нишондиҳандаҳои ШМА мо ба хулосае омадем, ки паст будани нишондиҳандаи ММД-и Федератсияи Россия нисбат ба ШМА бештар ба фарқияти қурби доллари ШМА ва рубли Федератсияи Россия вобаста аст.
Солҳои охир мутахассисони Бонки ҷаҳонии рушду инкишоф рейтинги нави давлатҳои ҷаҳонро вобаста ба иқтидори иқтисодии дохилии мамлакат пешниҳод намуданд. Ҳангоми тартиб додани рейтинги нав мутахассисон аз усули пешина (муайян намудани ҳаҷми ММД, даромад ба ҳар сари аҳолӣ, дараҷаи тараққиёти иқтисодиёт ва ғайра) даст кашида, меъёри наверо "Боигарии миллии давлат ба ҳар сари аҳолӣ"-ро кор карда баромаданд. Меъёри нав дар мафҳуми худ дар баробари арзиши мол ва хизматрасонии анҷомдодашуда кулли боигарии табиии мамлакат ва иқтидори зеҳнии миллатро дар бар мегирад. Мувофиқи рейтинги нав ба гурӯҳи давлатҳои бойтарини ҷаҳон (боигарии миллӣ ба ҳар сари аҳолӣ) Австрия (835000 доллари ШМА), Канада (704000 доллари ШМА), Люксембург (658000), Швейтсария (647000), Япония (565000), Шветсия (496000), Исландия (486000), Қатар (473000), Аморатҳои Муттаҳидаи Араб (471000) ва Дания (463000) дохил карда шудаанд. Аммо баъдтар усули пешниҳоднамудаи Бонки ҷаҳонии рушду инкишоф аз тарафи олимон ва экспертҳои ҷаҳон зери шубҳа гирифта шуд. Гап дар сари он буд, ки ШМА яке аз давлатҳои бойтарини дунё мувофиқи шартҳои ин усул ҳатто ба гурӯҳи даҳ давлати аввал дохил нашуда буд. Дар ин ҷадвал ба Федератсияи Россия бошад, ҷои 53-юм муносиб дида шуда буд, дар ҳолате ки захираҳои азими боигарии миллии Федератсияи Россия аз ШМА ду баробар, Германия 5-6 баробар, Япония 18-20 баробар зиёд мебошад. Аммо бояд аз хотир набарорем, ки чунин гурӯҳбандиҳои давлатҳои ҷаҳон, аз тарафи дигар, мақсадҳои ғаразноки идеологӣ низ доранд. Масалан, чунин рейтинги пасти ШМА, агар қудрату тавоноии ин давлати бузургро пардапӯш намояд, пас нисбати Россия ин рейтинг барои нишон додани заифии давлат, миқдори ночизи сарватҳои табиии он, самараноқ истифода бурда натавонистани онҳо, истифода бурда шудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё