Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Сохтори хоҷагӣ вобаста ба шумораи шахсони қобили кор. Дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ баъд аз солҳои 1995-1996 меъёри шахсони қобили кор дар истеҳсолот барои давлатҳои дараҷаи баланди саноатӣ бадастоварда дар соҳаи саноат - 30-40%, дар соҳаи кишоварзӣ - 3-5% (дар баъзе ҳолатҳо то 10%), соҳаи хизматрасонӣ - 55-60% муайян карда шудааст. Ҳар қадаре ки шумораи коргарон дар соҳаи хизматрасонӣ зиёд шавад, ҳамон қадар сатҳи зиндагии аҳолии ин давлат баланд мешавад.
Истеҳсоли қувваи барқ дар як сол ба ҳисоби кВТ-соат ба ҳар сари аҳолӣ. Ин меъёр барои давлатҳои дорои дараҷаи баланди тараққиёт дар ҳаҷми 8000 кВТ-соат муайян карда шудааст.
Сохтори тиҷорати хориҷӣ, содирот ва воридот (фоиз). Асоси содироти давлатҳои ДДБС-ро маҳсулоти тайёр ташкил медиҳад.
Қисми таркибии содироти давлатҳои ДДБС-ро пеш аз ҳама на камтар аз 50-80%-и молҳои ба фурӯш баромада бояд ташкил диҳанд. Дар ҳаҷми муайяншудаи молҳои содиротӣ бояд на кам аз 50%-и мол ва маҳсулоти соҳаҳои илмталаб ва маҳсулоти кишоварзии барзиёд истеҳсолшуда, вуҷуд дошта бошад.
Иҷрои чунин талабот дар ду даҳсолаи асри XX боиси он гардид, ки истеҳсолкунандагони кишоварзии бисёр давлатҳои ДДБС дар баробари пурра таъмин намудани талаботи аҳолии худ бо маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқа боз қисми зиёди аҳолии дунёро бо маводи ғизоӣ таъмин менамоянд.
Мувофиқи ин талабот асоси воридоти давлатҳои ДДБС-ро бояд пеш аз ҳама захираҳои минералӣ, молҳои тайёр ва маҳсулоти кишоварзие, ки дар дохили давлати худ истеҳсол карда намешавад, ташкил диҳанд.
Ҳиссаи МММ, ки барои маълумоти миёна равона карда мешавад. Дар асоси таҷрибаи ҷаҳонӣ ҳар давлате, ки дар ҳудуди 3-5% аз ҳаҷми МММ барои маълумоти миёна маблағ харҷ намояд, ба гурӯҳи ДДБС дохил карда мешавад. Хароҷоти Япония дар соҳаи маълумоти миёна 3%-и ҳаҷми МММ ё 39 млрд. долларро ташкил менамояд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё