Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

базиммагирифта яке аз воситаҳои беҳтарини таъмини пешрафти иқтисодиёти бозорӣ қабул шудааст.

Мувофиқи меъёри охирин тамоми роҳҳои давлатҳои ДДБС бояд дар ҳолати олӣ нигоҳ дошта шаванд. Роҳҳои давлати Люксембург, ки дар сад километри мукааби ҳудуди он 500 км роҳҳои гуногуни баландсифат дорад, ҳамчун меъёри ҷаҳонии ба гурӯҳи давлатҳои ДДБС дохил шудан, қабул шудааст.

Мувофиқи тадқиқотҳои созмонҳои байнамилалӣ тамоми нишондиҳандаҳои дар боло зикргардида дар тамоми давлатҳои дорои дараҷаи баланди тараққиёти саноат (ШМА, Канада, давлатҳои Европаи Ғарбӣ, Япония, Австралия, Зеландияи Нав, Исроил ва қисман ҶАҶ) ва қисман дар давлатҳои нави саноатӣ мушоҳида карда мешавад.

Меъёрҳои муайянкунандаи давлатҳои нави саноатӣ (ДНС)

Нишондиҳандаҳои давлатҳои нави саноатӣ бояд ба чунин меъёрҳо ҷавобгӯ бошанд:

  1. ММД - 8000 доллари ШМА бо 8-10%-и таъмини афзоиш;

  2. Меъёри шуғли аҳолӣ дар саноат 40-60%, хоҷагии қишлоқ 10- 12% муайян карда шудааст. Мувофиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ муайян карда шудааст, ки бо сабабҳои бештар ба муносибатҳои бозорӣ ва тиҷорат машғул будани аксарияти аҳолии ин давлатҳо, ба соҳаи хизматрасонӣ эътибори кофӣ дода намешавад;

  3. Меъёри истеҳсоли қувваи барқ ба ҳар сари аҳолӣ 4500-4800 кВТ/соат муайян карда шудааст;

  4. Сохтори тиҷорати хориҷии ДНС нисбат ба сохтори давлатҳои ДДБС фаъолтар аст. Афзалияти содирот нисбат ба воридоти ин давлатҳо тасдиқи гуфтаҳои дар боло зикргардида мебошад. Дар сохтори тиҷорати хориҷӣ ҳиссаи фурӯши технология, ки он дар маҷмӯъ зиёда аз 70%-ро ташкил менамояд, бартарӣ дорад. Қисмати муайяни содироти молҳои ДНС-ро молҳои тайёри саноати сабук низ ташкил менамояд. Қисмати воридотии ДНС пурра ба давлатҳои ДДБС шабоҳат дорад.

  5. Ба соҳаи илм дар ДНС бештар аҳамият дода мешавад. Ҳар сол аз 4 то 6%-и ММД ба ин соҳа равона карда мешавад. Дараҷаи

пешина
аз 785
навбатӣ