Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Ҳиссаи ММД ё МММ, ки ба соҳаи илм равона карда мешавад. Мувофиқи меъёри ташаккулёфта дар рӯзҳои аввали асри XXI ҳиссаи МММ-и ба соҳаи илм равонамудаи давлатҳои ДДБС 3-4%-ро ташкил менамояд. Аммо таҷрибаи солҳои охир нишон дод, ки дар баробари давлат корпорасияҳои трансмиллии ҷаҳон, ширкатҳои махсусгардонидашудаи мошинсозӣ, соҳаи электроника барои таъмини пешрафти соҳаи илм зиёда аз 30%-и даромади худро равона карда, таносуби дар ҷаҳон вуҷуддоштаро вайрон намуданд.

Барои давлатҳои ДДБС ҳиссаи андоз ва даромадҳои дигаре, ки барои ташаккули буҷети давлат равона карда мешаванд, набояд аз 50-70% зиёд бошад. Қисми боқимондаи даромади буҷет бояд аз ҳисоби даромад аз фурӯши коғазҳои қиматнок, асъор ва пардохтҳои гумрукӣ пур карда шавад.

Аз 45%-и шумораи аҳолии давлатҳои ДДБС дар иқтисодиёт фаъолона иштироккунанда ҳиссаи бекорон набояд аз 5-7% зиёд бошад. (Дар натиҷаи аз нуқтаи назари илмӣ дуруст ба роҳ мондани кор дар Япония ин нишондиҳанда ҳамагӣ 1,3-1,5%-ро ташкил медиҳад). Миқдори боқимондаи меъёри ба давлатҳои ДДБС мувофиқ, ки он аз бачагон, нафақахӯрон ва маъюбон иборат аст, набояд аз 55% зиёд бошад. Ба таври дигар, меъёри муайянкунандаи давлатҳои ДДБС ин аст, ки сеяки аҳолии қобили кор бояд ҳам худ ва ҳам тамоми аъзои боқимондаи ҷамъиятро бо меҳнати худ хӯронад ва пӯшонад.

Давлатҳои алоҳида мувофиқи ин меъёр ба гурӯҳи давлатҳои ДДБС дар ҳамон ҳолате дохил карда мешаванд, ки шумораи телефонҳои радифӣ ба ҳар сад аҳолӣ 40-70 адад, шумораи автомобилҳо ба ҳар 1000 аҳолӣ 400-500 ададро ташкил диҳад.

Дараҷаи иҷро накардани ӯҳдадориҳои созишномаҳои баимзорасида барои давлатҳои ДДБС бо меъёри 10 балл муайян карда шудааст, яъне ин маънои онро дорад, ки дар давлатҳои тараққинамудаи ҷаҳон иҷрои ӯҳдадориҳои дар асоси созишномаҳо базиммагирифта ва ё ӯҳдадориҳои роҳбарияти онҳо базиммагирифта барои кормандон ҳукми қонунӣ пайдо менамоянд. Иҷрои вазифаҳои

пешина
аз 785
навбатӣ