Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа
Марҳилаи сеюм, ин давраи нави ҳамгироии минтақавӣ, ки аз барҳам хӯрдани Давлати Шӯравӣ то давраи ҳозираро дар бар мегирад.
§4.2. Давраи ибтидоии ташаккули ҳамгироии иқтисодӣ
Ҷараёни ҳамгироии Европа
Давраи ибтидоии ташаккули ҳамгироии иқтисодӣ, ки асосан давлатҳои Европаи Ғарбиро дар бар гирифта буд, сабабҳои хоси худро дошт.
Ҷанги дуюми ҷаҳон ба тамоми давлатҳои Европа зарари иқтисодии бузурге расонда буд. Қисми зиёди корхонаҳои саноатӣ, фабрикаю заводҳо, роҳҳои оҳан, иншоотҳои бузурги давлатӣ, биноҳои истиқоматии шаҳрҳои бузурги ҳамаи давлатҳои Европа ба вайронаҳо табдил ёфта буданд. Роҳбарияти ҳар як давлати зарардида кӯшиш менамуд, ки тезтар иқтисодиёти ватани худро ба роҳ монда, аз паи беҳбудии халқи азияткашидаи мамлакати худ шавад.
Шароити баъдиҷангиро ШМА ба назар гирифта, барои ҳарчи тезтар амалӣ кунонидани мақсадҳои зикршуда ва пеш бурдани сиёсати худ нақшаи аз нав барқароркунии Европоро бо номи "Барномаи Маршалл" таҳия намуд.
Дар асоси он соли 1948 16 давлати Европа муттаҳид шуда, Созмони аввалини Ҳамкории Иқтисодии Европаро таъсис доданд. Мақсади асосии ин созмон ба муттаҳид сохтани иқтидори иқтисодӣ, беҳтар намудани муносибатҳои тиҷоратӣ ва мӯътадил гардондани қурби асъори миллии ин мамлакатҳо равона шуда буд. Дар солҳои аввали бунёди ин созмон корҳои зиёд оид ба дар амал татбиқ намудани мақсадҳои зикршуда анҷом дода шуда буданд. Аммо баъдтар бо сабаби камқудратии ин созмон, набудани маблағи кофӣ барои ба анҷом расонидани нақшаҳои стратегие, ки кулли давлатҳои Европа ба он мароқ зоҳир намуда буданд (сохтмони роҳи оҳан, бандарҳои бузурги баҳрӣ, хатҳои баландшиддати барқ ва ғайра), Созмони Ҳамкории Иқтисодии Европа тараққиёти муайяни иқтисодиёти давлатҳои Европаро таъмин карда натавонист.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё