Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ТиҷоратТаҳсилотИқтисодиёт
Аз аввал хондан

Бояд таъкид намуд, ки солҳои баъдиҷангӣ иқтидори иқтисодии ШМА нисбат ба Европа хеле босуръат афзоиш меёфт. Тадқиқоту кашфиётҳои олимони беҳтарини ҷаҳон, аз он ҷумла Европа (олимони соҳаҳои физика, химия, биология, олимони соҳаи тадқиқоти ядрой) дар Америка гирд оварда шуда, нақшаҳои онҳо тез амалӣ гардида, сабабгори пайдоиши соҳаҳои нави саноат мешуданд.

Соли 1950 истеҳсолоти ШМА ба чунин дараҷаи тараққиёте расид, ки номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти он аз нисф зиёди истеҳсолоти ҷаҳониро ташкил менамуд.

Ҳамаи гуфтаҳои боло иқтидору тавоноии ШМА-ро аз ҷиҳати иқтисодӣ, сиёсӣ ва ҳарбӣ чи дар Европа ва чи дар тамоми ҷаҳон ҳамчун як давлати абарқудрат машҳур гардонда буданд, бинобар ин ШМА аз сиёсати "тиҷорати озод"-е, ки дар он давра давлатҳои Европа пеш гирифта буданд, наҳаросида, бо сабаби он ки ин сиёсат ба нафъи он буд, Европоро ҳаматарафа дастгирӣ менамуд.

Аз тарафи дигар, дар баробари дастгирии сиёсати "тиҷорати озод" ШМА қонуни асосии иқтисодии "ҷаҳони озод"-ро тарғиб карда, тамоми ҷаҳони капиталистиро ба муборизаи иқтисодӣ ба муқобили лагери сотсиалистӣ тарғибу ташвиқ менамуданд.

Аз соли 1950 сар карда роҳбарияти давлатҳои Аврупо диққатро барои тезтар ба роҳ мондани соҳаҳои саноати худ ва дар асоси он арзон намудани арзиши аслии маҳсулоти истеҳсолшаванда, ба сохтмони заводу фабрикаҳои нав дар наздикиҳои сарҳади давлати ҳамсоя, ки конҳои бузурги ангишт ва дигар ашёи хом дорад, равона мекарданд. Барои амалӣ шудани ин нақшаҳо, соли 1951 Иттиҳоди аврупоии ангишт ва пӯлод ва соли 1957 Иттиҳодияи аврупоии энергетикаи атомӣ (Евроатом) бунёд шуданд. Ин иттиҳодияҳо дар фаъолияти худ 350 млн. аҳолии давлатҳои Аврупоро муттаҳид менамуданд. Иттиҳоди аврупоии ангишт ва пӯлод ташкилоти байналхалқии давлатӣ ба шумора рафта, соҳаҳои саноати истеҳсол ва коркарди ангишт, пӯлодгудозӣ ва роҳҳои оҳани чунин давлатҳои Аврупоро, ба монанди Франция, Италия, Белгия, Нидерландия, Люксембург муттаҳид менамуд. Фаъолияти Евроатом бошад, ба

пешина
аз 785
навбатӣ