Зеҳн
Иқтисодиёти ҷаҳон

Китоби дарсӣ масъалаҳои бунёдии иқтисодиёти ҷаҳон ва робитаҳои иқтисодии байналмилалиро баррасӣ мекунад. Он барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ таҳия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 11 октябри 2026 · 785 саҳифа

ИқтисодиётТиҷоратТаҳсилот
Аз аввал хондан

тадқиқ ва истифодаи қувваи атом бо мақсадҳои осоишта равона шуда буд.

Мақсад аз бунёди чунин созмонҳои бонуфуз аз он иборат буд, ки ҳарчӣ тезтар бар хилофи давлатҳои лагери сотсиалистӣ, ки худро аз давлатҳои Аврупо ва умуман ҷаҳони капиталистӣ бо "панҷараҳои пӯлодин" ҷудо карда буданд, соҳаҳои вазнини саноатро вусъат дода, дар асоси он пешрафти иқтисодии давлатҳои Аврупоро таъмин намуда, дар иқтисодиёти ҷаҳон ҷои худро муайян намоянд.

Натиҷаҳои хуби иқтисодӣ, ки ин созмонҳо дар панҷсолаҳои аввал ба даст оварданд, олимони Аврупоро водор намуданд, ки дар асоси таҳлили муваффақиятҳои бадасткарда шароити ҷойгиршавии истеҳсолоти давлатҳои Аврупо ва захираҳои зеризаминии онро ба назар гирифта, назарияҳои наверо таҳия намоянд, ки ба тараққиёти иқтисодии ин давлатҳо суръат бахшанд.

Соли 1955 олимони Фаронса консепсияи наверо пешниҳод намуданд, ки дар асоси он барои бунёди бозори умумӣ се шарти асосии зеринро иҷро ва риоя намудан лозим буд:

  1. Давлатҳои аъзои иттиҳод бояд тамоми монеаҳоеро, ки садди роҳи ҳаракати мол қарор доштанд, аз байн бардоранд.

  2. Сиёсати иқтисодии ҳамаи мамлакатҳои аъзои иттиҳод бояд бо ҳам мутобиқ карда шавад.

  3. Минтақаи (фазои) ягонаи истифодаи тарифҳои гумрукиро дар марзҳо муҳайё созанд.

Баробари иҷро намудани шартҳои боло, моҳи марти соли 1957 дар асоси шартномаи дар Рим имзошуда Иттиҳоди Иқтисодии Аврупо (ИИА) созмон дода шуд, ки ба он Германияи Федеративӣ, Белгия, Нидерландия, Люксембург, Фаронса, Италия ва баъдтар Англия, Ирландия, Дания, Юнон, Испания ва Португалия ҳамроҳ шуданд.

Дар асоси назарияи зикршуда мақсади асосии ин созмон бунёди бозори умумии Европа буд. Барои ҳарчи тезтар амалӣ гардондани ин мақсад, соли 1959 ИИЕ тибқи қарори худ бо мақсади инкишофи минбаъдаи робитаҳои иқтисодии байни давлатҳои Европа аввалин маротиба андозҳои дохилиеро, ки давлатҳои аъзои иттиҳод

пешина
аз 785
навбатӣ