Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан
  1. Барои касоне, ки намози ид бар онҳо воҷиб нест, низ пеш аз баргузор шудани намози ид хондани намози нафл макрўҳ аст.
  2. Намози идро дар чандин масҷиди шаҳр баргузор намудан ҷоиз аст.
  3. Касе, ки ба ҷамоат нарасад, наметавонад намози идро танҳо бигузорад. Ҳамчунин, агар намози намозгузоре аз аҳли ҷамоат фосид гардад, наметавонад онро қазо ба ҷой оварад, зеро намози ид қазо надорад, аммо агар чанд нафари дигаре пайдо шаванд, метавонанд бо ҳам ҷамоати дигаре барпо намоянд ва намози идро бо ҳам бигузоранд.
  4. Шахсе пас аз фориғ шудани имом аз такбироти ракъати якум ба ҷамоат пайваст, агар имом дар ҳоли қиём бошад, баъд аз ният кардан фавран такбиротро бигўяд, агарчи имом машғули қироат бошад. Агар имомро дар рукўъ дарёбад, дар сурате ки гумони ғолибаш ин бошад, ки баъд аз гуфтани такбирот метавонад дар рукўъ ба имом бирасад, такбиротро фавран баъд аз ният бигўяд ва ба рукўъ равад.
    Вале агар ғолиби гумонаш ин бошад, ки дар сурати гуфтани такбирот наметавонад дар рукўъ ба имом бирасад, ният карда, ба рукўъ равад ва дар рукўъ ба ҷои тасбеҳоти рукўъ, такбиротро бигўяд. Агар пеш аз тамом кардани такбирот имом аз рукўъ баланд шавад, ў низ ҳамроҳи имом баланд шавад ва бақияи такбирот аз вай муъоф (соқит) аст.
  5. Агар касе пас аз хондани як ракъат ба ҷамоат пайваст, дар вақти ба ҷой овардани ин ракъат аввал қироат намояд ва баъд такбиротро бигўяд.
  6. Агар имом гуфтани такбиротро фаромўш кунад ва ба рукўъ равад, дар рукўъ такбиротро бигўяд ва ба қиём барнагардад. Агар баргашт ва такбиротро гуфт, низ намоз ҷоиз мешавад ва дар ҳар ду сурат, аз сабаби издиҳом саҷдаи саҳв воҷиб намешавад.
пешина
аз 190
навбатӣ