РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Дар поварақии «Шарҳи Ҷомеъу-с-сағир» омадааст: Соъ паймонаест, ки ҳазору чиҳил дирҳам мош ва наск гунҷоиш дорад ва дар ин замон аз рўи эҳтиёт ба чаҳоряки мудди димишқӣ баробар дониста шудааст. Пас ним соъ аз гандум тақрибан ба ду килову дусаду панҷоҳ (2,250) грамм баробар аст.249 Агар пули (арзиши) яке аз ҷинсҳои мазкурро барои садақаи Фитр бипардозад ҳам, ҷоиз аст.
Вақти пардохти садақаи Фитр
Садақаи Фитр бо дамидани субҳи рўзи иди Фитр воҷиб мегардад ва мустаҳаб аст, ки пеш аз рафтан ба намозгоҳ пардохта шавад. Нофеъ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки: «Расули Худо (с) моро ба пардохтани закоти Фитр пеш аз баромадани мардум ба намоз амр намуд. Ва худи Абдуллоҳ як ё ду рўз пеш аз ид онро пардохт мекард».250 Агар қабл аз рўзи иди Фитр онро пардохт намояд, ҷоиз аст ва агар онро аз рўзи ид ба таъхир андозад, аз зиммааш соқит намешавад. Ҳатман, онро бояд пардохт намояд.
Садақаи Фитр бар ҳама, хоҳ рўза гирифта бошад, ё нагирифта бошад, воҷиб аст. Мустаҳиққони садақаи Фитр ҳамон шахсони мустаҳиққи закот ҳастанд. Яъне ба ҳар касе закот дода мешуд, садақаи Фитр низ ба ҳамонҳо дода мешавад.
248 Сунани Абўдовуд, 1619. Дар ин ҳадис як соъ гандум ба ду нафар тақсим шуда, ки ба сари ҳар яке ним соъӣ рост меояд.
249 Шарҳи Ҷомеъу-с-сағир. – С. 227.
250 Саҳеҳи Бухорӣ, 1503, 1509; Саҳеҳи Муслим, 2285 (986)-22, 23;
Сунани Абўдовуд, 1610, 1612; Сунани Тирмизӣ, 677; Сунани Насоӣ, 2520.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё