РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Шартҳои дигари сиҳҳати қурбонӣ
– Қурбонӣ кардани ҳайвони бешох ва ё шохшикастае, ки бехи шохаш боқӣ аст, ҳайвони гирифтори навъе девонагӣ, ки дар ҷояш гирд мегардад ва ҳамроҳи гўсфандон ба чаро намеравад ва ҳамин тавр ҳайвони ахта ҷоиз аст. Ин айбҳо аз ҷумлаи мавонеи сиҳати қурбонӣ ба шумор намераванд.
– Забҳи ҳайвони маҷбуб (олатбурида), босулфа (сурфа), пирсоле, ки аз зоиш мондааст, гўшчок, гўшшикоф, олусчашм ва тарошида барои қурбонӣ бо кароҳият ҷоиз аст. Инҳо аз ҷумлаи айбҳое ҳастанд, ки саломати ҳайвони қурбонӣ аз онҳо мандуб (хуб ва афзал) аст.
– Қурбонӣ кардани ҳайвони ахлотхор (ҷаллола) пеш аз ҳабси он ба муддати муайяне ҷоиз нест. Ин вақтест, ки аксари ғизо ва хўрокаш аз ахлот ва наҷосатҳо иборат бошад. Дар ин сурат шутур ба муддати чиҳил рўз, гов ба муддати бист рўз ва гўсфанд ба муддати даҳ рўз дар ҷое бояд нигаҳдорӣ ва бо ғизои ҳалол парвариш шаванд, то гўшташон пок гардад, он гоҳ забҳи онҳо дуруст аст.
– Ҳайвони харидоришуда барои қурбонӣ агар пеш аз забҳ бо яке аз айбҳои монеи дуруст гардидани он маъюб гардад, шахси сарватманд бояд ба ҷои он ҳайвони дигаре солим аз айбҳо забҳ намояд ва барои шахси фақир забҳи он ҷоиз аст ва ҳамин тавр агар пеш аз забҳ халок гардад, қурбонӣ аз шахси фақир соқит мегардад ва шахси сарватманд бояд ба ҷои он қурбонии дигаре забҳ намояд.
Аммо агар дар вақти забҳ ва бастани дасту пояш маъюб гардад, барои сиҳҳати қурбонӣ зараре надорад.
Бо ҳалок ва ё гум шудани чорвои пешбинишуда барои қурбонӣ он аз зиммаи шахси сарватманд соқит намешавад, вале бо талаф ёфтани тамоми молу дороияш ва ё қисмате аз он, ки дороияш бо он аз марзи ғинои воҷибгардонандаи садақаи Фитр поинтар гардад, қурбонӣ аз вай соқит мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё