РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
- Чаҳорпое, ки барои қурбонӣ омода намуда буд, ногаҳон гум шуд ва ба ҷои он ҳайвони дигаре харид, дар ҳамин вақт ҳайвони якум низ пайдо шуд, агар шахс сарватманд бошад, қурбонӣ кардани яке аз онҳо бар вай воҷиб мебошад, вале агар фақир бошад, қурбонӣ кардани ҳар ду воҷиб мебошад.275
- Шахс метавонад гўшти қурбониро ҳам худ бихўрад ва ҳам ба хешону ҳамсоягони худ миқдоре бидиҳад.276
- Пўсти қурбонӣ ё қимати онро хайр намояд ва ё онро худаш истифода намояд. Аз пули гўшт ё пули қурбонӣ таъмир намудани масҷид ва ё дигар маконҳои хайрия ҷоиз нест.
- Шахси қурбоникунанда метавонад пўсти қурбониро ба масрафи худ бирасонад, ба монанди ин ки аз он машк ё фарш бисозад.
- Музди забҳкунандаро аз пўсту гўшти қурбонӣ надиҳад.
7.Чизҳое, ки ба ҳайвони забҳшуда тааллуқ доранд, аз қабили ресмон, нўхта ва ғайра, бояд ҳамаро хайр намояд. - Шахсе, ки қурбонӣ бар вай воҷиб нагаштааст, агар ба нияти қурбонӣ гўсфанде харад, пас аз харидорӣ қурбонӣ кардан бар вай воҷиб мегардад. Зеро ибодатҳои нафлӣ бо шурўъ воҷиб мегарданд.
- Бар касе, ки қурбонӣ воҷиб мебошад, агар дар рўзҳои муайян қурбонӣ накард, бояд дар рўзҳои баъдӣ қимати гўсфанд ё худи гўсфандро агар харидорӣ шудааст, хайр намояд.
- Шахсе назр кард, ки агар фалон корам амалӣ шавад, барои Худо гўсфанде хайр хоҳам кард, пас аз амалӣ гардидани маромаш, назр бар зиммааш воҷиб мегардад. Бояд ба он вафо намояд ва гўшти ҳайвони назршударо ба фақирону бечорагон бидиҳад. Барои худи шахси назркунанда хўрдан аз гўшти қурбонии назриаш ҳалол ва ҷоиз нест. Забҳи ҳайвони назргашта, агар онро ба рўзи ид марбут ва махсус нагардонида бошад, яъне рўзашро муайян насохта бошад, пас аз амалӣ гардидани маромаш дар ҳар рўзе сурат гирад, ҷоиз мебошад.
- Шахсе бо майлу рағбати худ ҷиҳати ризои Худо барои расидани савобе ба гузаштагонаш чорвое қурбонӣ кунад, аз гўшти он бою камбағал метавонанд бихўранд, вале агар бино ба васияти худи даргузашта ин корро карда бошад, бояд танҳо фақирону бечорагон аз гўшти он бихўранд.
- Бе иҷозат аз тарафи касе қурбонӣ кардан ҷоиз нест ва ҳамчунин, ширкати ғоиб бе иҷозати худаш саҳеҳ намебошад.
- Ҳайвонотеро барои насловарӣ ва парвариш ба сурати муносафа (нисф дар нисф) ва ғайра ба касе супорад, чунин қарордод ҷоиз нест ва он шахс коргари бо музд (даҳмарда) ба шумор меравад. Бинобар ин, харидани ҳайвоне аз чунин чўпонҳо барои қурбонӣ бе иҷозати соҳибаш ҷоиз нест.
14.Чанд нафаре дар гов ё шутур бо ҳам шарик шаванд, метавонанд тамоми гўшти онро хом ё пухта хайр намоянд. Дар вақти ҷудо намудани ҳиссаи ҳар як шарик он ҳатман бояд ба тарозу тақсим шавад. Гўшти қурбониро ба кофирон низ метавон тақсим намуд. - Қурбонӣ кардани ҳайвони бордор ҷоиз аст, вале ҳайвони бе ҳамл беҳтар аст. Агар пас аз забҳи модар барра ё бузғола ва ё гўсолае зинда берун ояд, онро низ бояд қурбонӣ намояд.277
275 Аз назари ислом қурбонӣ бар шахси сарватманд воҷиб аст, на ба фақир. Бинобар ин, шахси сарватманд вақте гўсфанди дуюмро барои қурбонӣ ба ҷои гўсфанди аввал омода менамояд, ҳамон як қурбонӣ бар вай воҷиб мебошад ва ислом аз ин бештарро маҷбуран аз вай нахостааст. Аммо агар бо майли худ бештар аз он таклиф ва вазифаи диниаш ҳайвони дигаре низ забҳ намояд, ин отифаи болои ҷавонмардӣ ва ҳисси неки динии ўро нишон медиҳад ва ҷоиз аст. Магар ин ки ғайр аз қурбонӣ – воҷиби шаръӣ забҳи ҳайвони дигареро низ бар худ назр ва воҷиб гардонида бошад, пас забҳи ҳар ду низ бар вай воҷиб мегардад. Вале бар шахси фақир ва камбизоат қурбонӣ воҷиб нест, балки амри мустаҳаб ва нафл аст ва нафл бо шурўъ воҷиб мегардад.
Вақте вай ҳар ду гўсфандро барои қурбонӣ харидорӣ намудааст, куштани ҳар ду гўсфанд бар вай воҷиб мегардад. (Радду-л-мўҳтор. – Ҷ. 9.
– С. 539.; Табйину-л-ҳақоиқ. – Ҷ. 6. – С. 482, 483).
276 Ривоят шудааст, ки: «Паёмбар (с) фармуд: Касе аз шумо қурбонӣ карда бошад, пас аз се рўз чизе аз он дар хонааш боқӣ намонад (яъне ҳамаашро ба мардум тақсим намояд)» ва чун соли оянда шуд, гуфтанд:
Эй расули Худо (с), оё (қурбониҳои худро) мисли соли гузашта кунем?
Гуфт: (Худатон) бихўред, (ба дигарон) таом диҳед ва аз он захира ҳам намоед. Соли гузашта мардум дар сахтӣ буданд ва хостам ба онҳо кўмак намоед». (Саҳеҳи Бухорӣ, 5569; Саҳеҳи Муслим, 5082 (1971)-28).
Дар ривояти дигар омадааст: «Ман шуморо аз боқӣ мондани гўшти қурбониҳоятон бештар аз се рўз наҳй карда будам, то аз ҷониби дорандагон барои мардуми нодор фарохие ба вуҷуд ояд. Ҳоло бошад, чанде мехоҳед бихўред, ба дигарон таом диҳед ва аз он барои худ захира ҳам намоед». (Сунани Тирмизӣ, 1510).
277 Мавзўи қурбонӣ дар «Фиқҳи исломӣ бар асоси мазҳаби ҳанафӣ» бо тафсил баён гардидааст. Хоҳишмандон метавонанд ба он муроҷиат намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё