РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
кинафасо, Банин ва баъзе кишварҳои дигари исломӣ ба муносибати моҳи Рамазон мактабҳо таътил мешаванд ва дар баъзе кишварҳои дигар аз соатҳои дарсӣ коҳиш дода мешавад.318
Аввалин бор аз садои тўп (силоҳи оташбор, пушка) барои огоҳ намудани мардум ба фарорасии вақти
ифтор соли 859 ҳиҷрӣ дар шаҳри Қоҳира истифода шудааст. Гуфтаанд, ки ба султони мамлукҳо Хушқадам тўпе тўҳфа шуд ва аввалин озмоиши он ба бегоҳи рўзи аввали Рамазон вақти ифтор рост омад. Мардум аз ин ҳодиса хушнуд гардида, маротиби сипоси хешро ба султон расониданд. Султон низ аз истиқболи онҳо ба ваҷд
омад ва садои тўпи саҳарихўрӣ ва тўпи имсок ва ё дамидани субҳро низ бар он афзуд.319
Тозагӣ рабте надорад бо замон,
Тоза он бошад, ки монад ҷовидон.
Кӯҳнаи дирӯз гар зебо бувад,
Тоза ҳам имрӯзу ҳам фардо бувад!
Имрӯз на оғозу на анҷоми ҷаҳон аст,
Эй бас ғаму шодӣ, ки паси парда ниҳон аст.
Обе, ки баросуд, заминаш бихӯрад зуд,
Дарё шавад он рӯд, ки пайваста равон аст.
Шоҳбайтҳои рамазонӣ
Мекунад рӯза дилро мунҷалӣ,
З-он сабаб фармуд Ҳақ ас-савму лӣ.
В-аз забони Ӯ расули муътаман,
Гуфт ассавму закотун лилбадан.
Дардмандонро давои беғаш аст,
Бар гунаҳкорон сипар аз оташ аст.
Рӯзадоронрост музди бешумор,
Кас надонад ғайри зоти Кирдгор.
Сабр бошад рӯзаи нафсу бадан,
Аз маосии Худойи зулминан.
Рӯзаи омм аз шаробу нон бувад,
Рӯзаи хосс аз ҳама исён бувад!
(Ҷавҳарӣ, Хазоинулашъор)
Ниҳоят савмро мебошад имсок,
Зи расми халқе аз афлок то хок.
Ба ин таҳқиқ он Зотулъалӣ гуфт,
Ана аҷзӣ биҳи вассавму лӣ гуфт.
(Сафӣ Алишоҳӣ, Баҳрулҳақоиқ)
Надорӣ рӯзаи моҳи сиём он сон ки Ҳақ фармуд,
Агар дорӣ, бувад он ҳам барои сарфаи ноне.
Куҷо нонрезаат мавҷуд гардад заррасон гар худ,
Гаҳи ифтор бошад қурси меҳрат гирдаи хоне.
(Форсии Фонӣ, Девони қасоид)
318 Рамазон дар фарҳанги исломӣ. – С. 104-117.
319 Абўабдурраҳмон Холид ибни Ҳусайн ибни Абдурраҳмон, Ҳамнишини ту дар Рамазон. – Ҷ. 1. – С. 206. Риёз, 2002.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё