Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

«Дар он шаб тамоми корҳо (и бузург) тақсим ва аз ҳам ҷудо сохта – файсала мешаванд».96 Дар он шаб тамоми корҳои ҳакимонае, ки инсонро ба саодат бирасонанд, аз сўи Худо баён ва муқаррар гардидааст ва дар он усул ва пояҳои дини ҷаҳонии Ислом гузошта шудааст. Гузашта аз ин, дар ин шаб сарнавишти яксолаи афрод, миллатҳо, давлатҳо ва нажодҳо муайян мегардад, балки тақдири тамоми халоиқ ва ҳақоиқ рехта мешавад.

Ифтори моҳи Рамазон

Аз таомуллоҳу қути хушгувор,
Бар чунон дарё чу киштӣ шав савор!
Бош дар рӯза шакибову мусирр,
Дам ба дам қути Худоро мунтазир!
К-он Худойи хубкору бурдбор,
Ҳадяҳоро медиҳад дар интизор.
(Мавлоно, Маснавӣ)

Яке аз суннатҳои моҳи Рамазон барвақт ифтор намудан аст. Паёмбар (с) мефармояд: «Мардум то замоне барвақт ифтор намоянд, дар хайру хубӣ ҳастанд».97 Таъҷил намудан дар ифтор ва пеш аз намоз кушодани рўза аз суннатҳои Расули Худо (с) мебошад. Барои рўзадор хуб аст, ки бо хурмои тоза (рутаб) ва агар муяссар набошад, бо хурмои хушк (тамр) ифтор намояд. Агар он ҳам муяссар нагардад, бо об ва ё ҳар мева ва нўшобаи дигаре ифтор намояд.

Аз Анас (р) ривоят шудааст, ки: «Расули Худо (с) пеш аз он ки намози шомро бихонад, бо чанд хурмои тозае ифтор мекард.

96 Сураи Духон, 44: 4.
97 Муттафақун алайҳ: Саҳеҳи Бухорӣ, 1957; Саҳеҳи Муслим, 2555 (1098)-48; Сунани Тирмизӣ, 699; Сунани Ибни Моҷа, 1697.

пешина
аз 190
навбатӣ