Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Агар хурмои тозае пайдо намешуд, бо чанд хурмои хушк ва агар он ҳам пайдо намешуд, бо ҷуръаи обе ифтор мекард».98 Баробари фурў нишастани офтоб кушодани рўза мустаҳаб ва ба таъхир андохтани он макрўҳ мебошад.
Аз Паёмбар (с) тавсияҳои зиёде дар таъҷили ифтор ворид гардидааст. Аз ҷумла, он Ҳазрат (с) мефармояд:
«Вақте шаб аз ин ҷо рўй овард ва бо дасташ ба сўи офтоббаро ишора кард ва рўз аз ин ҷо рафт – ва дар ривояте – ва офтоб фурў нишаст, вақти ифтори рўзадор фаро расидааст».99 Ибни Абўавфо (р) мегўяд: «Дар сафаре дар моҳи Рамазон ҳамроҳи Расули Худо (с) будем. Вақте офтоб фурў рафт, ба шахсе гуфт: Фаро ва бароям дар зарфе об биёвар.
Вай гуфт: Эй Расули Худо (с) ҳанўз офтоб нанишастааст. Расули Худо (с) гуфт: Фаро ва бароям обе биёвар. Он мард боз гуфт: Эй Расули Худо (с) ҳанўз офтоб нанишастааст. Расули Худо (с) бори дигар ба вай гуфт: Фаро ва бароям обе биёвар. Он мард фуруд омад ва барояш об овард.
Он Ҳазрат (с) обро нўшид ва фармуд: Вақте шабро дидед, ки аз ин тараф ва бо дасташ ба сўи офтоббаро ишора кард, рўй овард – ва дар ривояте – ва офтоб аз ин тараф фурў рафт, вақти ифтори рўзадор фаро расидааст».100 Саҳобагони киром ва бузургони дин ҳама ба ин суннати Расули Худо (с) амал кардаанд.
Умар (р) дар даврони хилофати худ ба амирону коргузоронаш менавишт, ки «Дар бораи ифторатон ба ифрот роҳ надиҳед ва намозатонро то чашмак задани ситораҳо ба таъхир наандозед».101 Муҷоҳид мегўяд: «Ман вақте ифтори Ибни Умар (р)-ро меовардам, аз мардум шарм медоштам ва рўи онро мепўшондам».102 Алӣ (р) ба Ибни Нубоҳ мегуфт: Офтоб нишаст?

98 Сунани Абўдовуд, 2356; Сунани Тирмизӣ, 696.
99 Саҳеҳи Бухорӣ, 1954; Саҳеҳи Муслим, (1100)-51; Сунани Абўдовуд, 2351; Сунани Тирмизӣ, 698. Ҳадисро аз Умар (р) ривоят кардаанд.
100 Саҳеҳи Бухорӣ, 1941, 1955, 1956, 1958; Саҳеҳи Муслим, (1101)- 52, 53, 54; Сунани Абўдовуд, 2352.

пешина
аз 190
навбатӣ