РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
ЭЪТИКОФ ДАР МОҲИ РАМАЗОН
ътикоф яке аз суннатҳои Расули Худо (с) мебошад ва шахси рўзадор дар даҳ рўзи охири Э моҳи Рамазон худро барои ибодати Худо дар масҷиде фориғ месозад.
Эътикоф аз решаи «акафа» ( َفَكَع) гирифта шуда, дар луғат ба маънои рўй овардан ва мулозимат намудан ба чизе ба тариқи таъзим ва бузургдошт мебошад. Вожаи «акафа» дар ояти 71-уми сураи Шуъаро: «Вақте (Иброҳим) ба падар ва қавмаш гуфт: Чиро мепарастед?
Гуфтанд: Бутҳоеро мепарастем (ва ҳамчунин) мулозими онҳо боқӣ мемонем» ва ояти 138-уми сураи Аъроф: «Банӣ Исроилро аз баҳр гузаронидем, пас онҳо аз (назди) қавме гузаштанд, ки бар (ибодати) бутҳояшон мулозамат меварзиданд…» ба ҳамин маъно омадааст.
Эътикоф дар истилоҳи шаръ ба маънои муддате гўша гирифтан дар масҷид барои ибодат ва наздикӣ ба Худо аст. Он дар ояти 187-уми сураи Бақара: «Вақте дар масҷидҳо (барои ибодат) гўша гирифта бошед (ба эътикоф нишаста бошед), ба онҳо мубошират ва наздикӣ нанамоед» ба ҳамин маъно омадааст.140 Бандаи мўъмин бо фаро расидани моҳи Рамазон шомили иноёт ва баракоти Худованд мегардад ва бо гузаштани ду даҳаи аввал ва миёнаи он шахси рўзадор ба баландтарин қуллаи сафои ҷисму ҷонаш мерасад. Аз сўи дигар, муборактарин айём ва гуворотарин лаҳзаҳои навозиши Худованд, ки дар даҳаи охири он моҳ гузошта шудаанд, фаро мерасад ва олитарин фурсати даст ёфтан ба мақсуд барои ў муҳайё мегардад.
Расули акрам (с) барои фароғати ҳарчи бештар ва ба кор бурдани тамоми ҷидду ҷаҳди бандагӣ дар ин лаҳзаҳои нотакрор суннати эътикофро барои умматонаш асос гузоштааст, то шахси рўзадор барои камоли бандагӣ ва розу ниёз бо Худованд ва ҳамзамон матраҳ намудани тамоми орзуҳои нек ва хостаҳои машрўаш дар пешгоҳи Ў комилан фароғат ёбад.
140 Муфрадот. – С. 579, зайли моддаи: акафа.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё