Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Бандаи мўъмин ҳар чанд гоҳе ба хилвату танҳоӣ, дар худ андешидан ва ба муноҷоти Ҳақ ниёз дорад, то фориғ аз ҳар чизе ба нафси худ пардозад ва дар маҳзари Худованд муддате ба парвариши он машғул гардад.
Муносибтарин фурсат барои ин кор ҳамон даҳаи охири моҳи Рамазон мебошад, даҳае, ки дар он шаби Қадр аст ва инсон метавонад ба қадру қимати худ дар назди Худованд биафзояд. Ҳамин танҳоию хилват ва ба ибодат пардохтани шахси рўзадорро дар истилоҳи шаръ эътикоф мегўянд.
Вале Ислом намехоҳад, ки инсон дар он гўшаи хилват ва бо номи эътикоф дар ҳар гуна хаёлоти бемаъно ва васвасаҳои нафс фурў равад. Ҳамчунин, чандон рўи хуше ба инзивоталабӣ ва канорагирӣ аз ҷамъият надорад. Ислом дини зиндагонии иҷтимоист. Ин ҷост, ки ба танҳоии мутлақ ва гўшанишинӣ дар кўҳу ғорҳо ва ё нишастан дар чилахонаҳои торику камнур амр накардааст. Балки барои эътикоф масҷиди ҷомеъро, ки ҷои рафту омади мардум ва барпоии ибодатҳост, афзал шуморидааст.
Яъне Ислом хилват дар миёни ҷамъ, танҳоӣ дар миёни мардум ва бо Худо, вале дар миёни халқи Худо буданро асоси худсозӣ ва меҳвари зиндагии инсон қарор додааст. Ба ин маъно, ки Ислом гўшанишинии мутлақ ва ба сурате канора гирифтан аз мардумро, ҳатто дар вақти эътикоф ва пардохтан ба ибодат дўст намедорад.
Пас Ислом дини иҷтимоист ва аз ҳар гуна раҳбоният (дайрнишинӣ) холӣ мебошад. Қуръони карим раҳбоният ва канорагирии зоҳидони насрониро мавриди накўҳиш қарор медиҳад, он ҷо ки мефармояд:
«Ва раҳбонияте, ки (падарони рўҳонӣ ва роҳибон) аз пеши худ бароварда буданд. Мо онро бар эшон нанавишта (муқаррар насохта) будем…».141 Ислом тамоми аъмоли фардиро ҷанбаи иҷтимоӣ бахшидааст. Бинобар ин, эътикоф дар ғайри масҷид ҷоиз намебошад.
Дар ривоятҳо омадааст, ки Расули Худо (с) даҳ рўзи охири моҳи Рамазонро эътикоф менишаст ва аҳли хонаводаи худро низ ба он амр мекард. Абдуллоҳ ибни Умар (р), Анас (р) ва Оиша (р) ривоят мекунанд, ки: «Паёмбар (с) аз замоне, ки ба Мадина омад, то рўзи вафоташ дар даҳаи охири моҳи Рамазон эътикоф менишаст».142 Нофеъ аз Абдуллоҳ ибни Умар (р) ривоят менамояд, ки: «Расули Худо (с) дар даҳ рўзи охири моҳи Рамазон эътикоф менишаст» ва Нофеъ меафзояд: «Абдуллоҳ он маконеро, ки Расули Худо (с) дар масҷид дар он эътикоф менишаст, ба ман нишон дод».143 Нофеъ боз аз Ибни Умар (р) ривоят мекунад, ки «Вақте Паёмбар (с) эътикоф менишаст, рахти хоб ва ё кати хоби ў дар пушти сутуни тавба гузошта мешуд».144

141 Сураи Ҳадид, 57: 27.
142 Муттафақун алайҳ. Дар «Саҳеҳайн» ба ин лафз ривоят шудааст. «Паёмбар (с) дар даҳаи миёнаи моҳи Рамазон эътикоф менишаст. Пас аз он дар даҳаи охир эътикоф нишаст ва онро то рўзи вафоташ идома дод. Ҳамсаронаш пас аз ў эътикофи даҳаи охирро идома доданд». (Саҳеҳи Бухорӣ, 2026; Саҳеҳи Муслим, 2776 (1172)- 5; Сунани Абўдовуд, 2462.
143 Саҳеҳи Муслим, 2773 (1171)-2; Сунани Абўдовуд, 2465; Сунани Ибни Моҷа, 1773.
144 Сунани Ибни Моҷа, 1774. Сутуни тавба яке аз сутунҳои Масҷиди набавӣ мебошад, ки Абўлубоба (р) барои пазируфта шудани тавбааш худро ба он баста буд. Он сутун ба сутуни Абўлубоба низ машҳур мебошад. Расули Худо (с) вақте эътикоф менишаст, рахти хобашро дар пушти он мегузошт. Ҳоло бошад дар ҷои он сутуне бо номи сутуни «тахт» бино гардидааст. (Масоил ва аҳкоми эътикоф, Муҳаммадтақии Усмонӣ. – С. 13).

пешина
аз 190
навбатӣ