РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Эътикоф барои дарёфтани шаби Қадр
Чанд шабҳо хобро гаштӣ асир,
Як шабе бедор шав давлат бигир!
Бар умеди роҳи боло кун қиём,
Ҳамчу шамъе пеши меҳроб, эй ғулом!
Ашк мебору ҳамесўз аз талаб,
Ҳамчу шамъи сарбурида ҷумла шаб.
Лаб фурў банд аз таому аз шароб,
Сўйи хони осмонӣ кун шитоб!
Яке аз ҳикматҳо ва мақсадҳои эътикоф дар даҳ рўзи охири моҳи Рамазон дарёфтани шаби Қадр аст, зеро шаби Қадр дар яке аз шабҳои тоқи даҳаи ахири Рамазон мебошад. Вақте шахси рўзадор тамоми он даҳаи муборакаро эътикоф менишинад, ҳатман, шаби Қадрро дар яке аз шабҳои тоқи он дармеёбад.
Аз Абўсаъиди Худрӣ (р) ривоят шудааст, ки: «Расули Худо (с) (аввал) дар даҳаи миёнаи моҳи Рамазон эътикоф менишаст. Соле (дар даҳаи миёнаи моҳи Рамазон) эътикоф нишаст ва ҳамин ки шаби бисту якум фаро расид, шабе, ки (ҳар сол) субҳи он аз эътикоф хориҷ мешуд, фармуд:
Касе ҳамроҳи ман эътикоф нишаста буд, даҳаи охирро низ эътикоф бинишинад. Дар ҳақиқат, он шаб (шаби Қадр) ба ман нишон дода шуд, вале аз ёдам бароварда шуд. Худро дар саҳари он шаб дидам, ки бар обу гил саҷда мекунам. Пас онро дар шабҳои тоқи даҳаи ахир биҷўед!.
(Ровии ҳадис, Абўсаъид мегўяд): Он шаб борон борид ва аз даруни масҷид, ки аз шохҳои хурмо бино гардида буд, об ҷорӣ гашт. Субҳи он шаб (пас аз намоз) асари обу гилро бо чашмони худ дар пешонаи Паёмбар (с) дидам».145
Аз ин ривоятҳо бармеояд, ки Расули Худо (с) аввал барои муайян намудани шаби Қадр эътикоф нишаста ва пас аз он дар солҳои баъдӣ низ бо мақсади дарёфтани аҷру савоби он шаб ба суннати эътикоф идома додааст.
145 Саҳеҳи Бухорӣ, 669, 2016, 2018, 2027, 2036, 2040; Саҳеҳи Муслим, 2761 (1167)-213, 2762 (1167)-214, 2763 (1167)-215, 2764 (1167)-216, 2765 (1167)-217, 2766 (1167)-218. Дар ривоятҳои дигари ин ҳадис омадааст, ки: «Дар осмон абре намедидем. Он шаб ҳаворо абре фаро гирифт ва бороне борид, ки…».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё