РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Дар ҳолати эътикоф нишастан, чӣ тавре зикр гардид, ду навъ кор ҳаром аст ва бо содир намудан онҳо эътикофи воҷиб ва суннат фосид мегардад ва бояд қазои он ба ҷо оварда шавад, аммо эътикофи мустаҳаб хотима меёбад:
- Аз ҷои эътикофи худ бе зарурат хориҷ шудан,
- муқорабат (ҳамбистарӣ) ва бўсу бозӣ кардан бо зан.
Заруратҳо ва ниёзҳо дар аснои эътикоф
Ниёзҳо ва заруратҳое, ки шахси эътикофнишаста метавонад барои онҳо аз ҷои эътикофаш берун ояд, бар се қисманд. Дар ду қисми аввал эътикофи воҷиб ва суннат фосид намегардад, вале дар қисми сеюмаш фосид мешавад.
- Табиӣ, ба монанди: а) қазои ҳочат рафтан; б) омода намудани хўрду хўрок, дар сурате ки касе набошад, ки дар ин кор ба ў кўмак намояд.
Корҳои зерин низ аз ҷумлаи ниёзҳои табиии шахси мўътакиф буда, анҷом додани онҳо дар масҷид барояш ҷоиз мебошад:
Хўрдану нўшидан, 2. хоб рафтан, 3. шона ва тоза кардани мўи сар ва риш, 4. бо мардум сўҳбатҳои шаръӣ кардан, 5. иваз кардани либосҳо ва атру хушбўӣ задан, 6. агар бемор гардад, худро муолиҷа намудан, 7. таълим гирифтан ва таълим додани Қуръон ва дигар илмҳои шаръӣ, 8. шустан ва дўхтани либосҳои чиркингашта ва дарида, 9. хориҷ шудани бод аз шикам дар ҳолати зарурӣ ва дигар ниёзҳои бадан.149
Ҳамчунин шахси мўътакиф метавонад барои азон гуфтан аз масҷид берун барояд ва пас аз азон фавран ба масҷид баргардад, хоҳ дар он масҷид муаззини расмӣ бошад, хоҳ не.150
2.Шаръӣ, ба монанди ба ҷо овардани намози ҷумъа ва намози идайн, ҳамчунин барои анҷом додани ғусли ҷанобат. Агар дар дохили масҷид имконоти ғусл гирифтан мавҷуд набошад, метавонад ба беруни масҷид барояд ва дар ғуслгоҳ ғусл намояд, агар дар атрофи масҷид низ ғуслгоҳ ва ё имконоти ғусл намудан мавҷуд набошад, метавонад ба хонааш биравад ва пас аз ғусл фавран ба масҷид баргардад. Барои вузў низ метавонад аз масҷид хориҷ шавад ва собуну сарчоқ ва асбоби дандоншўияшро ба ҳамроҳ бигирад.151 Вале агар барои ғусли мустаҳабӣ ва суннатӣ, ба монанди ғусли рўзи ҷумъа аз масҷид хориҷ шавад, эътикофаш фосид мегардад.
3. Зарурӣ, ба монанди наҷот додани ғарқшаванда, хомўш кардани сўхтор, тарси фурў рафтани сақфи боми масҷид ва ғайра. Тарк намудани ҷои эътикоф ба сабаби пешомадҳое, ки аҳёнан (гоҳе) воқеъ мешаванд, ба монанди ҳодисаҳои мазкур бар хилофи мароми эътикоф мебошад ва эътикофро фосид мегардонад. Дар тамоми ин ҳолатҳо хориҷ шудан аз эътикоф гуноҳ нест, балки барои наҷот ва нигаҳдории ҷони худ ва дигарон лозим аст, аммо эътикоф фосид мешавад. Ҳамчунин, бо аёдати бемор ва ҳузур дар маросими ҷаноза ва ғайра эътикоф фосид мешавад, вале гунаҳгор намегардад.
Пас аз бароварда сохтани заруратҳо ва ниёзҳои ду навъи аввал шахси эътикофнишаста бояд фавран ба ҷои эътикофаш баргардад.
– Агар имоми панҷвақтае эътикофро дар масҷиди ҷомеъ (ҷумъахонӣ) гузаронад, он бо кароҳият ҷоиз мешавад. Зеро қавмаш бе имом мемонанд.
– Агар аз рўи фаромўшӣ ҷои эътикофашро тарк намояд, эътикофаш фосид мегардад.
149 Шайхулислом Мавлоно Муҳаммадтақии Усмонӣ, Масоил ва аҳкоми эътикоф (тарҷимаи форсӣ, Ёрмуҳаммади Амро). – С. 57. – Интишороти Шайхулислом Аҳмади Ҷом. 2001. Минбаъд: Масоил ва аҳкоми эътикоф.
150 Ҳамон сарчашма. – С. 47.
151 Ҳамон сарчашма. – С. 44, 45.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё