РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Бахши сеюм
Худои таъоло дар ҳадиси қудсие мефармояд:
«Тамоми амали фарзанди одам барои худи ўст, магар рўза, ки он барои Ман аст ва Ман ба он подош медиҳам. Рўза сипарест. Пас вақте касе аз шумо рўзадор бошад, беҳудагўӣ, бадрафторӣ ва сару садо накунад! Агар касе ҳам ўро дашном диҳад ва ё бо вай ба ҷанг бархезад, ба ў бигўяд: Ман рўзадор ҳастам!».
НИЯТИ РЎЗА
Назди Худованди Арш бодо мақбул,
Тоати хайри туву сиёму қиёмат!
(Масъуди Саъд, аз Деҳхудо)
Рўза аз ҷумлаи муҳимтарин ибодатҳо аст ва бояд бо нияти анҷоми фармони Худованди мутаъол ба ҷо оварда шавад. Амалҳои банда, ба хусус ибодатҳо, бе ният дар назди Худо пазируфта намешаванд. Паёмбар (с) мефармояд: «Амалҳо, бе ҳеҷ шакке, ба ниятҳо вобастаанд (ва бар тибқи онҳо пазируфта мешаванд) …».158 Ният аслан ҳамон қасду ирода ва омодагии амалии инсон барои анҷоми кор мебошад, на ифодаи он бо забон.
Дар моҳи Рамазон нияти рўзаи ҳар рўзи он воҷиб аст, зеро ҳар рўзи он ибодати мустақил ба шумор меравад ва ба таври умумӣ нияти рўзаи як моҳ кифоя намекунад. Агар аз аввали моҳи Рамазон нияти рўзаи тамоми моҳро намояд, хуб аст, вале он танҳо барои рўзи аввал дуруст мегардад ва бояд барои рўзҳои дигар аз нав ният намояд. Саҳарӣ хўрдан дар моҳи Рамазон ният ба шумор меравад.
Шарт нест, ки нияти рўзаро бо забон бигўяд, балки ҳамин қадар қасд кунад, ки барои анҷоми дастури Худованди мутаъол аз дамидани субҳ то нишастани офтоб коре, ки рўзаро фосид мекунад, анҷом намедиҳад, кофӣ аст.
Нияти рўза ду шарти дигар низ дорад: а) шабона пеш аз дамидани субҳ баста шавад, б) навъи рўза дар он муайян карда шавад. Ин ду шарт дар рўзаи моҳи мубораки Рамазон, рўзаи назри муайян ва рўзаи нафл аз ҷумлаи шартҳои сиҳати рўза дониста нашудаанд, балки шарти камол ба шумор мераванд.
158 Саҳеҳи Бухорӣ, 1, 54; Саҳеҳи Муслим, 4904 (1907)-156; Сунани Абўдовуд, 2201; Сунани Тирмизӣ, 1647; Сунани Насоӣ, 75; Сунани Ибни Моҷа, 4227.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё