Зеҳн
РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа

Маърифат
Аз аввал хондан

Пас ҳамон гуна ки шахс метавонад дар шаб барои фардои он нияти рўза кунад, ҳамчунин пас аз дамидани субҳ то пеш аз завол (нисфирўзӣ) агар чизе нахўрда бошад, метавонад нияти рўза намояд.
Ҳамчунин дар рўзаи моҳи мубораки Рамазон, рўзаи назри муайян ва рўзаи нафл шарт нест, ки навъи он дар ният муайя сохта шавад, зеро он табиатан муайян мебошад.
Аммо дар рўзаҳои қазо, назри мутлақ ва каффоратҳо ба ҷой овардани ҳар ду шарт ба вақти ният воҷиб мебошад, бинобар ин, бояд ҳар шаб барои фардои он ният намояд ва навъи рўзаро дар нияташ муайян созад, масалан, дар рўзаҳои қазо ният кунад:
«Ман қазои фалон рўзаро мегирам».
Агар шахсе тамоми рўз аз хўрдану нўшидан ва ҳамбистарӣ бозистад, лекин нияти рўза надошта бошад, рўзадор ба шумор намеравад. Зеро ният, ки шарти дуруст гардидани аъмол аст, дар ин ҳолат таҳаққуқ наёфтааст.

Фарз дон ҷумла рўзаро ният,
То биёбӣ зи рўза амният.159

Нияти рўза гар адо набувад,
Дар қазо ҷуз ба шаб раво набувад.

Лек мар вақтиву навофилро,
То ба пеш аз завол ҳаст раво.

Ҳамчунин гар халал талаб накунӣ,
Нияти рўза ҷуз ба шаб накунӣ!.
Давомнокии ният низ барои дуруст гардидани рўза шарт аст, агар шабона нияти рўза кунад ва пеш аз дамидани субҳ аз нияташ баргардад, руҷўаш саҳеҳ аст ва рўзадор ба шумор намеравад.

159 Амният ба маънои оромӣ, амонӣ ва бехавфӣ аст. Ният барои тамоми навъҳои рўза – фарзӣ, нафлӣ ва ғ. фарз аст ва ҳеҷ ибодате бе ният дуруст намешавад. Пас шахси рўзагир бояд рўзаашро бо ният ба ҷой оварад, то аҷру савоб ва он амният – осоишу растагориеро, ки аз ин ибодат барояш ваъда шудааст, ба даст оварад. Дар баъзе нусхаҳои чопӣ ба ҷои амният умни(й)ят (бо замми «ҳамза» ва ташдиди «йо») омадааст, ки он ба маънои орзу ва хоста аст.

пешина
аз 190
навбатӣ