РЎЗАИ МОҲИ РАМАЗОН

Абдушарифи Боқизода. Китоб ба манзури баланд бардоштани сатҳи маърифати динӣ ва ошноии бештари мардуми мусалмон ба арзишҳои олии Ислом омода гардида, дар он чаҳорумин рукни бинои Ислом – рўза мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 190 саҳифа
Аммо агар рўзона пас аз дамидани субҳ аз нияташ баргардад ва ё нияти ифтор намояд, нияти рўзааш ботил намешавад ва то амалан онро бо хўрдан, нўшидан ва ё амали хилофи дигаре фосид насозад, рўзааш ҳамчунон боқӣ ва дуруст аст. Ният то вақте ба амал напайваста бошад, имкони тағири он вуҷуд дорад, вале вақте ба амал пайваст, тағйири ният дар он зоҳиран таъсире надорад, зеро амалҳои ибодатӣ танҳо бо иқдоми амалӣ ботил мешаванд.
Касе назр намояд, ки агар фалон корам дуруст шавад, барои Худо ду рўз рўза мегирам, баъд аз он кораш анҷом гирифт ва дар моҳи Рамазон ба унвони вафои ба назр нияти рўзаи назрӣ намуд, рўзаи Рамазон адо меёбад, на он чи ният кардааст.
Моҳи мубораки Рамазон чӣ гуна собит мешавад?
Расули Худо (с) мефармояд: «Бо дидани моҳи нави Рамазон рўза бигиред ва бо дидани моҳи нави шаввол ифтор намоед (яъне моҳи Рамазонро ба поён расонед), вале агар он (ба сабаби абрнок будани осмон) бар шумо пўшида монд, моҳи шаъбонро сӣ (30) рўз пурра созед».160 Фаро расидани моҳи мубораки Рамазон бар асоси ҳадиси боло ва дигар фармоишоти Расули акрам (с) дар ин бора бо яке аз ду роҳ муайян мегардад:
- Дидани ҳилоли моҳи Рамазон.
- Комил намудани сӣ рўзи моҳи шаъбон.
Яъне агар ҳилоли моҳи Рамазон рўзи 29-уми моҳи шаъбон рўзона ва ё шаб дида шавад, фардои он рўз моҳи Рамазон шурўъ мешавад.
160 Саҳеҳи Бухорӣ, 1900, 1906, 1907; Саҳеҳи Муслим, 2495 (1080)-3, 2501 (1080)-8. Дар Саҳеҳи Муслим илова бар инҳо боз чанд ҳадиси дигаре дар ин бора омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё