Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Аввал ман ҳам ба аспи ситеза савор шуда қаҳрам омад, ки чаро бесабаб ин қадар носазо мегўяд? Ҳушёр аст ё маст? Афсўс хўрдам, ки чаро ягон ҷавоби сазовор надодам. Баъд кам-кам ором шудаму худро бо он тасаллӣ додам, ки вай нав ба шаҳр омадаст, ба ҳар кас бо шубҳа менигарад. Сухани маро нодуруст фаҳмид... Чаро дар ин бевақтӣ мондам, ки танҳо равад? Ба куҷо меравад? Агар ҳозир Лутфулло мебуд, мегуфт: «Мурданат авло, ки дар синни бисту се як духтарро ба гап дароварда натавонию ранҷонда фиристӣ!».
Ногоҳ бо такони сахте аз ҷои истодаам парида рафтам. Барои сарозер парчин шуда, наафтода ниҳоли борики соқаш хорпечро дошта, дастамро харошидам.
– Ҳа, кўкнорӣ! Хобӣ ё хаёл?
Ба Сўфии дар рў ба рўям хандида истода бо ғазаб нигаристаму чизе нагуфта, рўямро гардондам. Садқаи сухан шавад.
– Р-р -анҷидӣ? – вай авзои маро дида, андаке ба худ омад. Чӣ гап шуд, ё тобатон гурехт? А? - вай пештар омада, ба чашмам нигарист. Аз даҳанаш бўи ғализи шароб омад.
– Гум шав-е! – ўро ба яксў тела додаму аз паси духтар давидам.
Ҳамон шаб ҳар касе, ки маро дар кўча дид, бешубҳа ба сараш ягон фалокат омадаст, гуфтагист. Шомгоҳон дар кўчаи пуродами шаҳр саросема медавидам. Китфи якеро такон медодам, пои дигареро зер мекардам, китоби сеюмиро аз дасташ зада меафтондам, аммо беузру маъзур, ба қафоям нигоҳ накарда медавидам. Одамон аз қафоям норозиёна ғурғур мекарданд, гап мезаданд, гўш намедодам. Ана, вай! Ман тозон рафта, пеши роҳашро доштам... Фарёди тарсноки духтари ношинос маро ба худ овард. Духтари дигар будаст. Бечора аз тарс худро ба қафои дугонаҳояш гирифта, ба ман бо ҳарос менигарист. Ба вай узр гуфтаму ба пеш тохтам. Духтарон ба мазаммати ман ё ба ҳоли дугонаи тарсончакашон қоҳ-қоҳ зада хандиданд.
Баргашта нигоҳ накардам. Ханданд, хандидан гиранд.
Ўро дар истгоҳи автобус ёфтам. Маро диду рўяшро ба сўи дигар тофт.
Барои нафас рост кардан қарор гирифтаму дар рушноии чароғ дурусттар дидам, то ки боз хато накунам.
– Шумо сухани маро... нафаҳмида... ранҷидед, – азбаски тапиши дилам паст нашуда буду ҳаросзанон нафас мегирифтам, суханҳоро канда-канда гуфтам. – Ман охир...
Вай ба сўи автобусе, ки ин дам омада дар истгоҳ қарор гирифт, қадам монд.
– Истед, наравед, – беихтиёр аз банди дасташ доштанамро худам ҳам намедонам.
– Сар тед!.. Одамед ё... – вай бо қаҳр дасташро аз дастам раҳо карда, ба автобус даромаданӣ шуд, аммо ман сар надодам.
Сонӣ дақиқае дасти хурду сахташро такон дода вай кашид, ман кашидам, ҳар ду кашмакаше барпо кардем. Ман ҳаргиз дасти ўро аз дастам раҳо намекардам, вале мардуми автобус шўр бардоштанд:
– Ҳой, сар те! Ба духтари мардум чӣ ҳақ дорӣ?
– Шарм дор!... Нахоҳад, вой гўй!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё