Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Э, намон, рафтанӣ намон! Ин хелаша боз меёбӣ ё не.
– Э, мон, равад, тухмаш анқо нашудаст!
Аксар маро маломат мегуфтанду бо суханони пасту баланд таҳқир мекарданд, ҳатто таҳдид карданд: як марди қавиҷусса қумғон барин мушти сермўяшро аз тиреза берун карда дўғ зад:
– Ҳа, ҷояш не-дия, зада сию ду дандоната ба ҳалқат ҷо мекардам.
Якбора аз чашмони духтар сели ашк рехт. Ман дасташро сар дода, акнун ҳамроҳаш ба мошин савор шуданӣ будам, ки вай баргашту бо пайраҳа пиёда ба роҳ афтод.
Ман ҳам баробараш мерафтам. Дар хулқи ин духтар як махсусияте буд, ки касро маҷбур мекард, ўро ба дилаш наздик гирад. Не, ин таъсири ҳусни вай набуд. Ман баъзе хушрўйҳоро медонам, ин хел ҷозиба куҷо, баръакс аз сўҳбаташон дилгир мешавед. Гапашон ғайбат, ҳасрат, худситоӣ. Ҳаваси шиносоӣ бо ин хел духтарон ба мисли он аст, ки дар кўҳсор аз дур гули сурхеро дида, гўё нишони хазинаеро ёфта бошед, ба сўяш медаведу наздик шуда мебинед, ки он лолаи ҳақиқӣ набуда, лолахасак аст. Ноумедона қафо мегардед, зери лаб ғут-ғут мекунед, ки тухми ин лолахасак чи хел ба кўҳи баланд афтодааст.
Вай дигар ба сухани ман ҷавоб намедод. Ҳар ду хомўш мерафтем. Мо хиёбони Ленинро бурида гузашта, ба самти шарқ раҳ гирифтему баъди як зум ба кўчаи Хайём баромадем. Ин кўча ба мисоли шерозае шаҳрро аз шимол ба шарқ, давр зада мегузарад. Дар тарафи дасти чап ҳавлиҳо мисли зинапояҳои бешумор болои талу теппаҳо ҷой гирифтаанд. Духтар аз роҳ истоду саргаранг ба чор сў чашм давонд. Касе набуд, ки роҳро пурсад.
– Кўчаи Зайнаббибӣ дар куҷо буд? – ба рўям нанигариста аз ман савол кард. Албатта, агар вай гап задан намехост, дар он сўтар, дар назди магазин одамон ҷунбуҷўл доштанд, рафта аз онҳо раҳро мепурсид.
Ман ўро ба кўчаи Зайнаббибӣ бурдам. Ин маҳаллаҳоро нағз медонам.
Баъзе солҳо хобгоҳ намерасиду дар ба дар гашта хонаи иҷора мекофтем, дар ҳар интихобот аҳолиро ба рўйхат гирифта, варақа тақсим мекардем.
Вай дар сари чорраҳа аз роҳ бозистоду ба ман рў овард:
– Шумо равед, – гуфт ҷангинамо ба рўям нигоҳ накарда, бо овози озурда.
– Шумо ба куҷо?
– Хонаи як амакам дар ҳамин ҷо, – гуфт вай канда-канда саросема.
– Одами дуруст аст охир?
– Ҳа, одами нағз... муаллим. Духтарашон катӣ…
– Хайр, то таги дарашон равам? Дида монам?
– Не, не! Гардед, даркор не.
Дидам, ки ҷиддӣ мегўяд аз роҳ бозистодам. Вай дигар ба ман эътиное накарда дур шуд.
– Хайр, саҳар кати бед. Албатта, бед-а? – гуфтам аз қафояш.
Вай ҷавоб надода дар дили торикӣ гум шуда рафт. Садои кафшҳои ўро гўш дода лаҳзае истодам. Баъд он ҳам хомўш шуд. Агар гўям, ки табъам хира буд, чандон дуруст не, аммо ким-чӣ хел ноҳинҷор ба роҳи омадагиамон баргаштам. Аз худам норозӣ будам. Ҳар гоҳ вазифаамро аз таҳи дил иҷро накарда, ба ягон саволи муаллим ҷавоби саҳеҳ дода натавонам, ба ман ҳам ин хел ҳол рўй медод.

пешина
аз 91
навбатӣ