Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Дили ман ташнаи шиносоӣ буд. Намедонам, чӣ кори савобе кардам, ки ба мукофоташ ин фаришта ба ман рў ба рў шуд?! Аммо ўро ҳам ранҷондам. Аз қафояш рафта, ҳавлии амакаш аст, ё ҳам ту шиносашон, дидан даркор буд.
Одамизод пешомадашро намедонад. Ҳамон шаб ман аз куҷо донам, ки соҳиби ин ҳавлӣ рўзе ба ман даркор мешавад.
- РУХСОРА
Субҳ аз хоб чашм кушода, воқеаи дишабаро бори дигар ба ёд овардам, ҳар як сухан, ҳар як қадамамро чандинбора андешидам, мулоҳиза кардам.
Духтари ғалатӣ... Беҳуда ранҷид. Меояд ё не? Мактуби проректор дар дасти ман, вай бе он ба куҷо меравад? Хайр, як-ду соат нигарон мешавам, агар наояд, ба хобгоҳ меравам.
Аз он ки бо духтарон гапам намепазад, малул шудам. Дигарҳо агар бо ҳамин хел духтар шинос шаванд, тез забон меёбанд, ба гап медароранд, бо варсоқиҳои беҳуда қиқир-қиқир механдонанд. Ба фикрам, ҳамаи ин аз кам хондан. Вақтҳои охир ягон повесту романи дурустро хонда нафуровардам.
Ба хондан сар мекунаму нимкора мемонад. Барои ҳамин ҳам дар пеши духтарон мум газида мешинам. Пештар боҳавсала будам: суханони нағз, байтҳои обдорро ба дафтарчаам навишта, латифаҳои намакинро ғун мекардам, дар сўҳбат кор медод. Аммо ҳамон вақтҳо ҳам аҳволам ҳамин буд. Бо даҳони дигарон нон хоида намешавад. Як шоир гуфтааст ку, «барбаста дигар бошаду худраста дигар». Аслан, хондану сухандонӣ нағз, аммо дилёбӣ дар хислати одам, дар хуни вай набошад, намешавад.
Исрофилзода адабиёти бадеъро як тараф монед, аз фанни худаш ҳам соле ягонта китоб намехонад. Лекин дар муомила чунон усто, ки устухон надорад, мегўянд. Дар институт обрў дорад, аз муаллимони пешқадам ба шумор меравад. Лекин аз лексияаш донишҷўён безоранд. Як дафтари ғафси аз давраи Одаму Ҳавво мондагиро кушода, калима ба калима мехонаду донишҷўёнро маҷбур мекунад, ки ҳарф ба ҳарф нависанд. Сарамонро хам карда менавиштем. Ҳайфи умр, ҳайфи рўзу соатҳои ба конспектнависиҳои беҳуда сарф шудагиам! Ба ҷои он чӣ қадар китоб хондан мумкин буд...
Исрофилзода баъзан бо ҷасорат ягон ҷумларо аз ёд гуфтанӣ мешуд ва аз конспекташ ҷудо шуда, ба тарафи тиреза ду-се қадам мемонд, ҳамоно гапашро гум мекарду шитобон баргашта ба дафтар сар хам менамуд. Ёд дорам, боре муаллим дар мобайни дарс аз синф берун рафт. Сўфӣ дар ин фурсат дафтари кушодаи ўро чандин варақ гардонда монд. Муаллим баргашта ба синф даромаду дафтарро аз он ҷое, ки Сўфӣ кушода монда буд, хондан гирифт. Вай мавзўи дигареро мехонд... Ба аксари мо ин навишта ҳеҷ, даркор набуд. Китобро хонда, ҳар як мавзўъро нағз мефаҳмидем. Он чиро, ки шарҳаш дар китоб набуд, аз дусар, Исрофилзода ҳам фаҳмонда наметавонист, бинобар он савол дода, беҳуда ўро дар хиҷолат мононда, ба худ қасддор намекардем.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё