Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамон рўз говгум нашуда ба сари фаввора расидам. Аз чамадонча ному нишон набуд. Аслан умедам набуд, ки онро меёбам. Авзоам парешон чӣ кор карданамро надониста, ҳайрон мондам. Кабобфурўш - марди солдидаи буруташ мошу биринҷ асбобҳояшро меғундошт. Парешонии маро дида, ба сўям ду-се бор нигоҳ карду наздиктар омад.
– Ҳа, ошно, ягон чиз гум кардед?
Ман ба рўи вай нигаристаму фаҳмидам, ки чамадонча гум нашудааст.
Мардак насиҳаткунон онро бароварда дод.
Соат нўҳ шуд, аммо духтарак наомад. То соати даҳ бо азобе нигарон шудам. Дилам хеле алағда, аз чойхона баромада ба сўӣ хобгоҳи дуюм тохтам. Аз дарвоза дароям, духтар дар ҷои дирузааш, дар хараки лаби ҳавз нишаста, китоб мехонад. Ба дари мудир қуфли калон овезон. Ман ранчидагӣ барин бо маломат ба рўи духтар нигаристам. Кокулони майдабофташ аз ду тараф ба рўи китоб афтода, дар миён рўи сафеду тозааш монанди себи сероби тирамоҳ, ки аз байни баргҳо метобад, дилро ба худ мекашид.
Духтарак хушрўй аст. Аксар духтарони Ҳалқасой зебоанд: тозарў, қоматдор, тарҳи рўяшон рост, даҳону бинӣ, чашму абрў бо қалам кашидагӣ барин.
– Салом, дурўғгўй.
– Ассалом. Чӣ дурўғ гуфтаам? – вай оҳиста аз ҷояш хест.
– Охир ман шуморо дар хобгоҳ нигарон...
– Ман ба хобгоҳатон меравам, нагуфтаам.
Дарвоқеъ, чаро ман ўро дар хобгоҳи худамон нигарон истодам?
Ғалатфаҳмии худам. Баъд дараки мудири хобгоҳро гирифтаму воқеаи шабинаро ба хотири ў овардам.
– Ин хел бадгумон нашавед, нағз не. Наход, ки дар ҳаққи ман барин як ҷавони дуб-дуруст ҳамин хел фикр кунед, – гуфтам ба ҳазл то ки буғзи гапҳои шабина аз байн бардошта шавад.
– Бадгумон... худатон, – гуфт вай хандида. – Боз ҷавони дуб-дуруст будаанд! – ба истеҳзо писханд кард вай.
– Не, ман ҷавони ганда не, – гуфтам ба ҳамон оҳанги ҳазл, бо ҷиддияти сохта. Панҷ сол дар гурўҳамон профорг будам. Хайрият, институтро тамом кардем, набошад, то ба нафақа баромадан бачаҳо аз ман қарздор буданд.
Се-чортоаш ҳоло ҳам қарздор, ҳаққи аъзогиро надода гурехтанд.
– Хайр, чӣ гуфтаниед бо ин гапатон?
Аз афташ, вай ҳазлро нафаҳмид, зеро чунон ҷиддӣ пурсид, ки ман лаҳзае чӣ ҷавоб доданамро надониста, даступо хўрдам, лекин шухиамро давом додам:
– Яъне, гуфтаниам, ки ман одами дуруст, ҳатто як дараҷа одами давлатӣ.
– Одами давлат бошед, ман дар кати шумо хоб мекардам?! – ба истеҳзо хандид вай.
– Ман ба хонаи дигар рафиқон рафта хоб карданӣ будам. Сониян, хўш, ба кати ман чӣ шудааст? Аз духтур гузаштагӣ. Ҷойпўшҳоро иваз карда будам.
Ба ғайр аз ин, ҳаво гарм, бистар даркор не. Як паҳлу мезанеду бедор мешавед, ки рўз.
Вай гап назада ба китобаш нигариста монду баъд аз қадре гуфт:

пешина
аз 91
навбатӣ