Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
– Э, равед, мудира ёфта бед. Дар ин гуфта ҳам шўхӣ, ҳам узру дилбардорӣ ва ҳам нози дилбарона буд. Агар гулдаста бандеду гулҳоятон якранг бошад, як дона гули дигар хелтар басанда аст, ки намуди гулдастаро тағир диҳад.
Ин як сухани ў ҳам сўҳбат ва муомилаи моро оҳанги дигар бахшид. Гапамон чунон қўр гирифтааст, ки баъди якуним соат мудири хобгоҳ омаду мо аз ҷо хестем. Ман мактубчаи проректорро аз ҷайб гирифта чашм давондаму фамилияи духтарро фаҳмидам.
– Фамилияатонро фаҳмидам, номатон чӣ?
– Рухсора.
– Номи ман Вафодор.
Вай номи маро шунида «пиққӣ» карда хандид. Номам Вафодор гўям, бори аввал ҳама механданд. Баъзе духтарон шўхӣ мепиндоранд, бовар намекунанд. Ба тарзи мухтасар ва маъмулӣ «Вафо» гуфта будам, дадаам шунида, ранҷиданд. «Номи одамро чала намегиранд», гуфта таъкид карданд.
То дар хобгоҳ ҷо ба ҷо шудани Рухсора нимирўз гашт. Азбаски хобгоҳро таъмир мекарданд, мудир аз бинои дар як канор будаи ин ҳавлӣ ба ду нафар духтар як хоначаро дод.
- ЯК ҚАДАМИ БОҶУРЪАТ
Се рўз боз бегоҳиҳо дар атрофии хобгоҳи ў сайр мекунам. Баъзан дуру дароз дар рў ба рўи хобгоҳ, дар истгоҳи автобус меистам, аммо ҳама ба мошин савор шуда мераванду ман боз ба раҳам давом мекунам. Ҳатто хўроки нимрўзиро ҳам дар ошхонаи назди хобгоҳи ў хўрдам. Тасодуфан бо Рухсора вохўрдан мехоҳам, аммо чӣ чора... Аз афташ, вай аз хобгоҳ берун набаромада мехонад. Бетаклиф, бе ягон сабаб ба хобгоҳаш равам гўям, истиҳола мекунам. Гоҳе ўро аз хаёлам дур карданӣ мешавам. Мегўям, ки ҳой, андаке ақлатро ба ҷояш биёр, соддагӣ накун. Ҳозир ҳушу хаёли вай ба имтиҳон. Ба ту андаке майл зоҳир карда бошад, ҳангоми баромада омадан ақаллан ба дилат шуда як даҳан «биёед, ёрдам тед», мегуфт-да. «Мавзўъҳои мушкилро фаҳмонам», гуфтӣ, на ҳа гуфт, на не... Аммо чӣ кор кунам, ки симои вай аз пеши чашмам намеравад. Умрам бино шуда ман ба ин аҳвол наафтода будам. Дили якравам ба ягон далели ақлу мантиқ гўш намекунад.
Охир мумкин духтарак номзад доштагист, ё дар деҳа гаҳворабахшаш будагист?
Ана, ба рўи ҳамин қадар далелҳо хок пошидаму ин бегоҳирўзӣ ба хобгоҳи Рухсора рафтам. Бе ҳеҷ баҳона, ҳамту, барои ҳолпурсӣ омадам, мегўям. Аз ҳар як шиносу ношинос кебида, бо ҳазор фикру хаёл, хиҷолат ва изтироб ба наздаш омаданамро кошкӣ, ин духтар медонист?
Бегоҳирўзии тобистон ҳеҷ кас дар хона намешинад. Агар одам бо ягон кор ба хона дарояд ҳам, тозон гашта мебарояд. Дар хона дили кас заъф мекунад.
Ҳарчанд, ки тобистон шабу рўз тирезаҳо кушодааст, ҳавои хона бегоҳӣ гўё касро фишор медиҳад. Аз ҳамин сабаб ҳамаи он духтароне, ки дар ин хобгоҳ мезистанд, ҳоло дар саҳни ҳавлӣ буданд. Баъзе бо чашмони нимпўш қадамзанон қоидаю мисолҳоро ёд мекарданд, такроран аз зеҳн мегузаронданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё