Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҳамаашон ба ман тез шуданд:
«Даҳанкалонӣ накун, сағира!»
«Нона калон газу гапа калон назан».
«Ба донишат напар...»
«Ҳа, агар толеъ надошта бошӣ, дониш катӣ ба институт даромада намешавад. Чунон доноҳо ғелида рафтанд, ки...»
Аммо ман ҳам паст наомадам: «Агар ба ҳамин институт надароям, номам Вафо не! Аз баҳри номи падарам додагӣ гузаштам».
Ин қадар бо ҷасорат дил ба дарё задани ман беҳуда набуд. Тайёрӣ ва дониши аксар дохилшавандагон ба назарам хеле сатҳӣ намуд. Худ ба худ мегуфтам, ки пас аввал киро қабул мекунанд, ҳамон касеро, ки донишаш баланд аст.
Имтиҳонҳоро бо баҳои хубу аъло супорида варақаи имтиҳонамро ба котиб дода пурсидам: «Муаллим, бо ҳамин баҳо қабул мешавам ё не? Вай ба баҳоҳои ман як назар давонду гуфт: «Бешубҳа. Якуми сентябр ба дарс омадан гиред». Яъне, хулосаи комиссияи конкурсро нигарон нашавӣ ҳам мешавад, ту қабул гуфтагиашон-дия!
Куртаи гули кадуи Рухсораро аз дур дидаму бархоста, ба истиқболаш рафтам. Вай мўяшро дуто карда бофта ба қафо партофта, фарқашро ҳам ба духтарони шаҳрӣ тақлид карда, андаке каҷ гирифтааст. Ҳарчанд, ки хуб шона задаст, мўйҳои хурмоиаш дар баногўш фатила зада, бо камтарин насим таҳрик ёфта, дили касро ба худ ҷазб месохт. Барои руҳашро бардоштан ман аз таърихи имтиҳонсупориамон як воқеаи латифамонандро гуфта, ўро каме хандондам. Сухан мегуфтам, механдидам, аммо нигоҳамро саришта карда наметавонистам. Ман ба як ҳолати аҷибе афтодам. Беихтиёр чашмам гоҳ ба зулфу абрўяш, гоҳ ба рўяш ё чашмашу миҷгонаш банд шуда, то даме, ки вай шармида бо итоб аз ман рўй гардонда, қафотар намерафт, карахт барин меистодам.
Дар чунин вазъияти ногувор талвоса доштам, ки муаллим Ҷўразода пеш омаданд. Ба саломам алек гирифта гузаштанду дақиқае пас аз қафо садо карданд;
– Наврўзов!
Нигарам, бо ишораи сар маро ба назди худ мехонанд. Саросема дасти Рухсораро фишурдам.
– Муваффақият... Ман интизор меистам.
Ҷўразода яке аз муаллимони писандидаи донишгоҳ. Муаллимоне ҳастанд, ки унвону обрў доранд, китоб навиштаанд, аммо ягон донишҷў ба онҳо қоил не, ихлос надорад. Ин касон сутуни мўҳташамеро мемонанд, ки ҳеҷ боре бар дўш надорад. Ҳам ту, ба ҳоли худ истодааст. Агар онро аз ҷояш гирифта ба як канор монед, ягон лаби дунё каҷ намешавад. Аммо Ҷўразода баринҳо набошанд, ҷояшон холӣ.
Муаллим Ҷўразода ба қавли худашон, аълохон ва бадхонро зудтар шинохта мегиранду миёнаҳолонро дертар. Се соли охир раҳнамои ҷустуҷўҳои ман буданд. Дар курси сеюм оид ба ҳаёти якчанд навъ ҳашароти фоиданоки боғу пахтазорҳои кишварамон дар ҷамъияти илмии донишҷўён гузориши илмӣ доштам.

пешина
аз 91
навбатӣ