Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Ҳеҷ кас ба маърўзаи ман эътиборе накард. На хуб гуфтанд, на бад. Хайр, худаш ҳам ба андозаи як кори курсӣ арзише дошт.
Баъди чанд муддат муаллим маро ба кафедра ҷеғ заданду дар хусуси ҳамон маърўзаам гап кушоданд. Дафтарчаашонро аз ҷайб гирифта, қайдҳояшонро оид ба гузориши ман гуфтанд. Намедонам, чаро дар вақташ нагуфтаанд.
Сипас таъкид карданд, ки ин мавзўъ бароят муҳим аст ва ман ба таҳқиқ давом кунам. «Халилихўрак бояд ба мо хизмат кунад», гуфтанд он кас. Яке аз навъҳои фоидаовари ҳашорат халилихўрак буд.
Ҳамин тариқ, бо маслиҳати он кас ман кор сар кардам. Баъд доир ба ҳамин мавзўъ рисолаи дипломӣ навиштам, бомуваффақият ҳимоя кардам.
Муаллим одаме буданд, ки агар чизе ба он кас писанд наояд, зўр зада писанда кардан ғайри мумкин буд, аммо агар чизе писанд ояд, то ҷон доранд, онро дастгирӣ мекарданд. Тамоми институт он касро ҳамчун марди фозил ва донишманди ҳақиқӣ эътироф мекарданд. Аммо ба назари ман, он кас олим ва донишманди бузург набошанд ҳам, муаллими ҳақиқӣ, устоди мушфиқ ва беҳамтое ҳастанд. Ҳоло ҳам дар дасташон баробари китобҳои илмӣ, журналу рўзномаҳои адабӣ, оммавӣ ва ҳатто бачагона. Монанди ҳамаи муаллимони ҳақиқӣ сару танашон покиза, оддӣ ва шинам аст... Ман ҳаргиз овози баланди он касро нашунидаам. Ҳангоми ба ғазаб омадан (ман ҳамагӣ як бор мушоҳида кардам) лаҳзае худро гум мекунанд, қаламро ба даст мегиранд, дубора ба ҷояш мегузоранд, аз киса рўмолча мебароранд, пешониашонро пок мекунанд ё не, боз ба киса медозанд, баъд озурдахотир гап мезананд. Ман дар тадқиқоти дипломиам ду навъи ҳашароти фоиданоки пахтазорро барои мубориза бо ҳашароти зарарнок интихоб кардам. Аслан, ин фикр хеле кўҳна, аммо онро дар шароити имрўзаи пахтазори мо амалӣ кардан даркор аст. Ҳоло дар пеши худ вазифа гузоштаам, ки ин муборизаи биологиро дар қитъаи таҷрибавии институт санҷам. Агар таҷрибаи дилхоҳ диҳад, сонӣ дар пахтазор месанҷем. Сараввал дар пахтазори ягон замини навкорам. Мушоҳида нишон дод, ки дар заминҳои навкорам нисбат ба киштзорҳои кўҳна ҳашароти фоиданок бештар аст. Аҷаб не, дар марҳилаи аввал ба ёрии ҳашароти фоиданок каму беш интекситсид ба кор барем.
Махсусан, агар ҳашароти зарарнок ба дараҷаи авҷ кунад...
Ҷўразода аз бозуи ман дошта, раҳравон бо муҳаббат ҳолҷўӣ карданд:
– Ба кор фармон гирифтед?
– Не, муаллим... Ба таътил рафта оям, сонӣ гуфтаанд-ку.
– Ҳа, дарвоқеъ... Хайр, истироҳат карда бед, сонӣ.
– Муаллим, ягон гап доштед?
– Кадом рўз кори шуморо фикр кардаму як чиз маро ҳайрон кард. Чаро дар киштзори кўҳна ҳашароти зарарнок мўлу фоиданокаш қариб нест шудаст?
– Дар натиҷаи дорузанӣ... – дуруст фикр накарда ҷавоб доданамро зуд ҳис кардам.
– Ҳашароти зарарнок нест нашудааст-ку? Ин бесабаб не, – гуфтанд муаллим андешаманд. Маънии ин гапи он касро фақат мо, шогирдон мефаҳмем. Гиреҳи ин муамморо кушодан даркор, гуфтагиашон.
– Маъқул, – гуфтам ман.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё