Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
– Э бовар мекунед, духтараки дар қабатам нишастагӣ аз сиёҳнависи ман ниму нимкора кўчонду дод. Ҷумлаҳо хому нотамом, хайр худатон медонед, сиёҳнавис-дия. Ба вай ҳам баҳои «чор», ба ман ҳам.
Зери лаб хандидам. Вай маънии хандаи маро нафаҳмид.
– Балки вай духтарак ҳам нағз кўчондагист. Аҷаб не, аз худаш илова кардагист?... Муаллим ҳангоми тафтиши иншо соҳиби онро намедонад. Дар варақи иншо ному фамилия нест, фақат рақам. Кадом рақам аз они кӣ буданашро, баъди баҳо мондани муаллим, комиссияи қабул маълум мекунад,
– шубҳаи ўро бартараф карданӣ шудам.
– Медонам, сухани маро бурид вай, – лекин ҳисобашона ёфтагӣ. Муаллим вақти иншоро гирифтан ишора мемонад. Ба ақиби иншои як бача нуқта монданашро ба чашмам дидам. Як олуфтаи дигар баъди мавзўъҳоро ба тахта навиштани муаллим ним соат барин печ хўрда шишту сонӣ рухсат гирифту берун рафт. Муаллим «даробаро мумкин не» гуфту аммо ба вай ҷавоб дод.
Сонӣ омаду даҳ дақиқа нишаст ё нанишаст, иншояшро супурд. Чор саҳифаро пур карда омадаст.
Ҳамин хел гапҳоро шунавам, малул мешавам. Майда-чуйдаҳои ночиз бошад ҳам, шаъни институтамонро паст мезанад. Ба ғайр аз ин, намехоҳам, ки аз қадамҳои аввал эътиқоди Рухсора ба донишгоҳ рахна ёбад. Эътиқод чизи ноёб аст. Онро бо валвалаю гапфурўшӣ ба дил ҷо карда намешавад.
– Имрўз ба гурўҳи дуюм имтиҳони шифоҳӣ буд, даҳ кас ду гирифтааст. Як духтар ҳам, – ташвишомез хабар дод ў.
– Хоҳ- нохоҳ ҳамаро қабул намекунанд.
– Аз як духтар пурсидаанд, ки чӣ хел морҳоро дидааст? Боз аз як бача пурсидаанд, ки гургу харгўш барои чӣ ба баландӣ осонтар медаванд?
– Нисбат ба пои пеш пои қафояшон дарозтар.
– Вай надонистааст. Ҷонварони ёбоиро ман ҳам намедонам.
– Агар хоҳед, ба боғи ҳайвонот мебарам, ҳамаашро нишон медиҳам…Боз ба хобгоҳатон оварда ҳам мемонам, – дар омади гап шўхиомез таклиф кардам.
– Майлаш, – ғайричашмдошти ман Рухсора розӣ шуд. – Лекин як худам не, дугонаам қатӣ.
– Тафси ҳаво шикаст, ҳозир вақти нағз.
– Рафта бинам, агар вай дар хона бошад.
Вай тозон аз хона баромад. Ман танҳо монда хонаро аз назар гузарондам.
Ҳама ҷо покиза, пардаҳои тиреза барф барин, хона ба тартиб, дар ҳар як ашёи ночиз ҳам завқи бетакаллуфи духтари оддӣ ба назар мерасид. Фақат як чиз ба ман маъқул нашуд. Рухсора ду канори сачоки рўпоккуниашро ба усули кашидадўзӣ гулҳои рангоранг андохтаст. Ба ман, ки ба маданияти имрўзаи шаҳр одат кардаам, ин гулдўзиҳо маъқул не гуфтан хато будагист-ку, дар ҷояш не, бемавқеъ барин.
– Нест, хонааш қулф аст, – гуфт вай аз дар даромада.
Нигоҳаш хаёломез ба ман дўхта шуд, аммо майли дили ўро фаҳмида намешуд, гўё парешонхотир бошад, чеҳрааш ифодаи аниқ надошт.
– Ҳеҷ гап не, вай ягон бори дигар меравад, – гуфтам ман, гуё барои чӣ дугонаашро ҳамроҳ гирифтани ўро намедониста бошам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё