Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Ҷўразода марди миёнақад, каллакалон, борикрў буда, симояшон ҳамеша андешаманд, нигоҳашон ҳамеша равшан буд. Мўи тори сарашон тунук гаштааст. Ёд дорам, рўзҳои аввали ба курсии донишҷўи нишастанамон буд.
Муаллим ду соати расо аз ҳар боб саволу ҷавоб карда, бо мо шинос шуданд.
Саволоҳояшон ғалатӣ буд: аз як духтар ному фамилияашро пурсида, савол карданд, ки чашмаш ба чӣ ранг аст, таърихи номи худро медонад ё не, шаҷараи гузаштагонашро чӣ? Аз дигаре пурсида буданд, ки дар тарафи онҳо чӣ хел гулу гиёҳи худрўй ҳаст, кадом ҳайвонҳои ваҳшӣ дучор мешаванд?
Ҳамроҳи муаллим сўҳбаткунон ба чойхонаи боғ расидем. Чойхоначӣ муаллимро дидан замон пеш баромада, ҳолҷўӣ карду ҷои доимии он кас катчаи лаби ҷўйро ба тартиб овард.
Чойро нўшида муаллим боз ба сари мавзўи ман баргашта, гуфтанд:
– Муборизаи химиявӣ бо ҳашароти зарарнок мудохилаи ҷиддии инсон бо табиат аст. Оқибати онро андешидан даркор. Идеяи муборизаи биологӣ нав не, аммо дар муҳити мо амалан ба кор бурдани онро тадқиқ кардан даркор.
Мўйсафед якраванд. Мегўянд, ки агар мавзўи додагиашонро «хуб» гўён қабул карда, кор бандед бо ҷону дил мадад мекунанд, коратон пеш меравад.
Не, агар ба маслиҳаташон гўш надода, пешхезӣ кунед, коратон расво, дигар барои маслиҳати кор ба пеши он кас наравед.
Баъди чойхўрӣ Ҷўразода китобу журнал дар даст вазнин-вазнин қадам

монда мерафтанду маназ қафояшон то хеле вақт нигаристам. Муаллим камкам пир шуда, мўйсафеди нуронӣ мешаванд. Ҳамаро дидаю озмуда, кўфтаю пухта шуда, сифатҳои наҷиби ҷавонӣ - шавқу рағбати ҷустуҷў, зиндадилӣ ва ростию ҳақгўиро нигоҳ дошта тавонистан, ба ҳар пири солдида муяссар намешавад.

  1. АЗ ГУЛ БЎЮ АЗ КАҲ ДУД

Гаштирўзӣ барои баҳои иншояшро фаҳмидан ба хобгоҳи Рухсора рафтам.
Аз ин се рўз пеш, ҳамон рўзи имтиҳонаш, тарафи бегоҳ ба хобгоҳаш меомадам, ки дар роҳ пеш омад. «Нағз шуд, – гуфт вай лаҳзае аз роҳ бозистода, – ҳамааш мавзўъҳои осон буд. «Занон дар «Шоҳнома»-ро гирифтам. Суханони Чернишевский дар бораи Гурдофарид дар ёдам буд, навиштам...». Мо дуруст ҳамгап нашудем. Азбаски ҳамроҳи дугонааш буд, саросема хайрухуш кард.
Ҳоло вай аз тирезакушода маро диду ду ангушти дасти росташро нишон дода, бо ишорат «ду» гирифтам гуфт. Аммо аз гул-гул шукуфтани чеҳрааш маълум буд, ки шухӣ мекунад. Ман аз гармои тоқатшикани гаштирўз нафасгир ва арақшор ба хонаи ў даромадам. Вай нимшўхию нимҷиддӣ маро бо сачоқи тар ду-се бор бодбезӣ кард ва ба пешам харбуза бурида монд.
– Бигиред, хўред, ташнагиро мешиканад.
– Гап занед, чӣ шуд? – як карч харбуза гирифтаму бесаброна барои шунидани тафсилоти баҳои имтиҳон ба рўи вай нигаристам.
– Об овардагию кўзашикастагӣ баробар будаст, – гуфт вай норозиёна даст афшонда.
– Чӣ гап шуд? – дилам таҳ кашид, наход се гирифта бошад.

пешина
аз 91
навбатӣ