Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Эҳ-ҳе, як худи халилихўрак тортанакканаро нест карданаш мумкин. Хелҳои гуногуни ҳашароти фоиданокро ёфта, таносуби фоидаю зарари он, усули афзоиши онҳоро дар пахтазори республика бояд дурудароз таҳқиқ кунем. Дар заминҳои обӣ ҳашароти фоиданок кам мондагӣ... Агар ба муқобили ҳашароти зарарнок заҳрҳои химиявиро бо кор набарем, дар пахтазорҳои мо, дар марғзору юнучқазорҳои мо чӣ қадар занбўри асал парвариш кардан мумкин...
Ина аз дар даромад. Аз афташ, корашро тамом карда, ба хона мерафт, ки дар пояш кафши нафиси пошнабаланд, қомати ўро боло карда буд.
– Аҳвол чӣ хел? – вай бо ин савол дилҷўёна ба назди ман омад, ки аз ин муомила ботинан дилам бардошта шавад ҳам, дар назди ҳамхонаҳо бесабаб шарм доштам.
– Ташаккур, нағз, – гуфтаму бештар барои рафъи хиҷолат саволи кайҳо боз дар нўги забонам будагиро пурсидам: – Ина, номатон ғалатӣ... аслаш ҳамин хел?
– Номашон Инобатхон– гуфт Оқилов пешдастӣ карда.
– Э-э, ин хел гўед, номи нағз доштаеду чаро пурра намегиранд? Баъд аз ин ман шуморо Инобат мегўям, майлаш?
– Дар хона номам Инобат. Ҳамин ки аз дарвозаи бемористон даромадам:
Ина, Ина... Куртаҳо кўтоҳ шуд гуфта, номро ҳам кўтоҳ кардем, – хандид вай.
Баъд аз ман пурсид: – Ба шумо ҳеҷ чиз даркор не?– шармида бо азобе ба ман менигарист ў– Ман меравам... Агар ягон чиз даркор бошад, шарм накунед.
– Ташаккур, Инобат, ҳама чиз ҳаст. Аз дилам гузашт, ки дар хусуси Рухсора вай қатӣ гапзанон кардан мумкин. Фардо ҳатман гапзанон мекунам. Не, намегўяд.
Баъди рафтани Инобат Оқилов аввал ба Ҷаводзода маънидор нигариста, шумхандае карду сонӣ ба ман айёрона чашмак зада, гуфт:
– Шумо дуруст... Хапакак шишта... А?
Матлаби ўро фаҳмам ҳам, худро ба гўлӣ задам. Барои чӣ ин хел кардам, худам ҳам намедонам. Ҳамту, бе ҳеҷ зарурат будагист. Не, оҳанги кароҳатноки гапи вайро ҳис кардам.
– Наход, ки нафаҳмед?... Шумо ба вай маъқул. Рости гап. Ман даррав аз чашмаш мефаҳмам. Ана, вай Ҳусейн шабу рўз аз қафои духтарон тозад ҳам, ягонтааш омада, «ба ту чӣ биёрам?» нагуфтаст. Шумо ҷимакак... дуруст.
– Мегўянд-ку «натарс аз он, ки ҳою ҳўй дорад», – гуфтанд Ҷаводзода, хушнудона ба рўи ман нигариста. – Ин духтарон зирак, ба ҳар касу нокас рўи хуш намедиҳанд. Одама мешиносанд гўрсўхтаҳо.
Ман табассум кардаму ба инкор сар ҷунбондам, ки гумонашон хато аст.
– Вай аз рўи дилсўзӣ... Дар шаҳр ҳеҷ кас надорам... Ҳамту, дилбардорӣ мекунад.
– Чӣ руст мекунед, нағз бинад, ганда-мӣ? Ҷон гўед! Аз шумо чӣ меравад?
Шумо-мард, бадном шавад, вай мешавад. Деги кушодагия кадом саг намелесад! – Боз Оқилов ба гап даромаду табъи ҳардуи моро хира кард.
– Аз мўрии хунук– дуди хунук мегўянд, рост. Шумо ҳам, интур ба пасу пеши гап нигоҳ карда, камтар андешида даҳан кушоед.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё