Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
– Ин хел нагўед, бародар, – гуфтам ман ҷиддӣ, бо овози озурда, норозиёна ба рўи вай нигариста. Сипас ба чӣ фикре рафтаму чизеро, ки Оқилов баринҳо ҳаргиз намефаҳманд, ба ў фаҳмонданӣ шудам. – Асосан, аксари духтарон ба кас меҳрубон, дилсўз...
– Духтар - синаи меҳр мегўянд, – суханамро буриданд муаллим.
– Мо, мардҳо бештар бешафқат, дилсахт ва ноодамем. Мо худамон гунаҳгор. Духтар аз дев наҳаросад ҳам, аз баъзе мард меҳаросад. Даст диҳанд, аз оринҷ мегирем... Нағз не.
– Намедонам, чӣ гуфтанӣ шудед, аммо додар, ба куҷо равед ҳам, мардмарду зан зан-дия! – эътироз кард Оқилов. Имрўз фарқи зану мард намондаст.
Баъзе мард аз занак фарқ надорад, баъзе зана дида, мард мегўед. На шарм, на ҳаё.
– Худатон такопўй доред, ки вай профессорзан як бор шуморо бинад. Агар вай гўяд, ки «не ман - зан, Оқиловро намебинам», чӣ мекардед?
– Духтур қаҳт не.
Маълум буд, ки баҳс ва мунозираи ҷиддӣ бо ин одам суд надорад. Чунон ки мегўянд, мехи оҳанӣ ба санг намеравад.
– Суханатон ҳақ асту рост. – Ҷаводзода бо оринҷ ба болин такья карда, нимхез шуданду ба ман рў оварданд: – Баъзе мардони мо нодида, иззати нафс, ғурури мардӣ надоранд. Гўш кунед, аз саргузаштам як воқеаро гўям: соли чандум буд, аниқ дар ёд надорам, ҳафт-ҳашт сол шуд-дия... Ҳа, ҳамон сол сарвазири Ҳинд духтараш қатӣ омада буд. Як гурўҳ муаллимонро ба Москва, ба маҷлис фиристоданд. Ману як муаллими ҷавон ҳамроҳ ба поезд баромадем. Вай ранги ҳамин Ҳусейни мо базебу олуфта, ба ҳар як зану духтар гап мепартофт. Ҷои ҳардуи мо дар қабати поёни купе, дар назди тиреза. Як зан омад, ки ҷояш дар болои мо будаст. Синнаш зери сӣ, хушрўй. Аз он муаллими ҷавон илтимос кард, ки вай қатӣ ҷояшро иваз кунад: «Ман зан, баромада фуромаданам мушкил» гуфт. Ҳамроҳам розӣ нашуд. Ман ҷои худамро ба вай зан дода, ба боло баромадам. Дар боло фақат хоб мекардам, аксар дар поён нишаста, чақ-чақ карда мерафтем. Занак ба ҳолам намонда, поён мефуровард. Он солҳо ман ҳам ҷавонмарди бардам будам.
– Хайр, кор буд шуд ё... ҳамту? – пурсид Оқилов, ки ин хел саргузаштҳоро бо диққат гўш мекард.
– Гап дар сари ин не. Вай зани ҷудо доно, покдоман будаст. Дар Москва ба ман хеле кўмакаш расид. Рост мегўед, ба баъзе ҷавонҳо духтар табассум кунад ҳам, ба бало мемонад. Ширеш барин часпида мегирад. Э-э, чӣ гумонҳое намекунад! Ана, баъди ин хел муомила зан аз дев ҳаросидагӣ барин аз мард мегурезад. Феодализм-дия!
– Ин қадар санги марда паст назанед! Зану духтар шарму ҳаё дошта бошад, нағз. Ҳар хандаю нозу нузаш бошад, барои шўйҷонаш руст карда монад.
– Ана, халос! Сар аз куҷо, пой аз куҷо. Ман тут гўям, шумо бед,– Ҷаводзода пойҳояшонро поён партофта, дар кати худ нишастанду ба Оқилов нигоҳ карда, оҳе кашиданд.
– Ҳар чи гўед ҳам, ҷони гап ҳамин, – ҳукми худро қатъӣ кард Оқилов.
Ба палата Ҳусейн даромада, як-як бо ҳамаамон хайрухуш кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё