Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Фарзанд-падарашро, шогирд-устодашро фаромўш кунад, нағз набудагист.
Ҳамон муаллими пир, ки имрўз аҷаб не, монанди мо ҳамадон набошад, аз касрати пирӣ фаромушхотир ё сергап шуда бошад, як вақте ба мо роҳнамо буд, сабаб шуд, ки хонему аз вай донотар шавем. Фаромўш накунед, ки як рўз не, як рўз агар насиб бошаду мо ҳам ба пирӣ расем, фарзандону шогирдон аз мо донотар мешаванд. Баъд онҳо ба мо бо тамасхур нигаранд, магар хуб аст?
Не, шогирде, ки ба устод тамасхур мекунад, ба пои худаш теша мезанад, мегўянд. Бечора муаллим. Ягона ифтихори ин заҳматкаш дар зиндагӣ ҳамин шогирдон аст.
– Э, шумо ҳам... – Оқилов даст афшонда, муболиға мекунӣ, гуфтанӣ шуд. – Ҳамту кор накардааст, барои кораш пулҷон гирифтагӣ.
– Шумо чанд сўм моҳона мегиред?
Оқилов бо тааҷҷуб ба рўи ман нигарист.
– Гўед, чанд пул мегиред?
– Ин ба шумо чӣ даркор?
– Натарсед, ҳеҷ гап не. Гўед.
– Ҳисоби миёна... Хайр дусад.
– Барои дусад сўм гирифтан ин бечора бо чандинсола собиқаи хизмат бояд якуним мизон дарс диҳад. Бояд шаб ба дарсҳо тайёрӣ бинад, дафтари талабагонашро санҷад, яктояш ба дарс наояд ё бад хонад, маҳалла ба маҳалла кофта, ба хонаи вай равад, талабааш дар куҷое ягон номаъқулӣ кунад, вай овора. Ҳар рўз чандин бор асабӣ мешавад. Чил нафар кўдакро ором шинонда, як ҳарфро омўхтан кори осон не! Намедонам, дар ин ҷойҳо чӣ хел, аммо дар тарафи мо падару модар, муаллим ва меҳмон ба пиру пайғамбар баробар аст... Аммо, ҳозир чӣ? Муаллим ҳақ надорад ба шогирди ноқобил сахттар гап занад, баҳои ду монад, ҳақ надорад дар синф мононад... Худатгунаҳгор, бо талаба нағз машғул нашудӣ, протсенти мактабро паст накун, мегўянд.
– Рост, кори муаллимӣ осон не. Лояш ҳам маза надорад. Дар шаҳр ҳозир аксар занҳо - муаллима. Бачаҳои ин замон қатӣ осон не. Пештар хурд ба гапи калон гўш мекард.
– Бачаҳо донотар шудагӣ... Хайр, дар мактаби шаҳр муаллимони мард кам... Ба бача кӣ ибрат мешавад, муаллим.
– Як одамро медонам, даҳ-дувоздаҳ сол аст, ки муаллим буд, – сухани маро аз даҳон гирифт Оқилов.– Рўзғораш калон, сербачаякак. Ба ҳолаш нигоҳ карда, бечораҳол мегашт. Ба қарибӣ дида, қариб нашинохтам. Сару либосаша дида министр мегўед, гапзанию муомилааш ҳам ҷудо зўр. «Корҳо чӣ хел, муаллим?» гўям, «э, муаллим нагўед, аз даҳанатон шамол барад, монед акнун муаллима!» мегўяд. Муаллимиаша партофта, муфаттиш шудааст. Намедонам номи идорааш дар ёдам намонд, ошхонаҳоя тафтиш мекардаст. «Шукр, ана, одам барин зиндагӣ мекунем, – мегўяд. – Ба кадом ошхона дароям, табақи мантую кабоб... хўш, ки бошад, шишааш қатӣ... Вақти баромаданам ду-се кило гўшт печонда, «насиби бачаҳо» гуфта, ба таҳи каш мегазонанд. Ба чор танга моҳонаи сабил нигарон шуда намешинем».

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё