Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Бача будем, аз боғ бағаламонро пур карда, довучча канем, очаам метарсонданд, ки зардолу дуои бад мекунад, рост будаст-дия-а? – Ҷаводзода аз эҳтиёт тамасхури худро маълум накарданд.
– Албатта, беқарор гаштани гиёҳ ба чашм аён не, нолаашро намешунавем.
Аммо олимон инро бо таҷриба исбот кардаанд. Яке ҳамеша гулҳоро шикаставу зери по карда, озор медодааст...
– Мо барин, – гуфта монд Оқилов.
– Дигаре ҳамеша парвариш мекардааст.
– Инаш– шумо барин.
– Асбобҳои махсусе ҳастанд, ки импулси растаниро қайд мекунанд. Вақте ки асбобро ба гул ниҳодаанд, чӣ мегўед, ки ҳамон озордиҳанда наздик ояд, ақрабаки он ҳаллос мекардааст. Яъне, гиёҳ ҳам одамро мешинохтааст, тарсида, бетоқат мешудаст. Ҳамин ки он одами зиёнкор рафта, парваришгар ояд, импулс барҳам хўрда, ақрабак ҳамвор хат кашидааст. Олимони Ҳинд муқаррар намудаанд, ки растаниҳо мусиқиро дарк мекардаанд. Баъзе оҳангҳо ба сабзиши растанӣ кўмак расонда, баъзеяш таъсири ногувор доштааст.
Махсусан, оҳанги ҷаз ба растанӣ намефоридаст.
– Ба одам ҳам намефорад, –гуфтанд Ҷаводзода. Пас аз қадре хомушӣ боз пурсиданд: – Ҳамин гапҳотон рост буд, ё ҳазл?
Оқилов ҳам ҷиддӣ ё ҳазл будани ин суханонро нафаҳмида, гаранг буд. Вай гоҳ ба чашми ман, гоҳ ба чашми Ҷаводзода нигариста, рамуз гирифтанӣ мешуд. Метарсид, ки боз наандешида сухане гуфта, дар вазъи ногувор наафтад. Аз изо ва ҳолати ногувор баъзе мардон аз занҳо ҳам зиёдатар метарсанд. Фақат мардуми фурўтан, фозил ва онҳое, ки ба худ эътимод доранд, аз вазъияти ногувор наҳаросида, бепарво фикри худро мегўянд.
Баъзан аз гуфтани ақидаҳои содалавҳона, шўхиомез ва густохона ҳам ибо намекунанд.
– Ман гапи ба ҳама маълумро гуфтам. Растаниҳо ҳам як ҷузъи табиати зинда. Баъзе гиёҳҳо ҳашарот шикор карда мехўранд-ку!
– Аҷаб не, – Ҷаводзода оҳиста сар ҷунбонда сухани маро тасдиқ карданӣ шуданд. – Ҳар рўз кашфиёти нав. Илм чӣ сирҳоеро, ки намекушояд!
Шогирдоне, ки ман дарс додаам, имрўз корҳое карда истодаанд, ки...
– Э, монед, ҳамин гапҳоя! Шогирдон-шогирдон... Ҳамон шогирдон бе шумо одам намешуд-чӣ?
– Аз шумо хондану навиштан ёд гирифтагистанд. Илм хондану навиштан не-ку!
Ин суханон ба дили Ҷаводзода сахт расид. Даст афшонда бо қаҳр аз хона берун рафтанд. Рангашон канда аз изтироб дасту пояшон дарақ-дарақ меларзид. Ба муаллим раҳмам омад.
– Нағз нашуд, – гуфтам ба Оқилов.
– Э, гапи ёфтагиаш ҳамин, –гуфт вай «ту-ту» карда. – Шогирдони ман инту шуданд, шогирдони ман унту шуданд. Хайр, якта-нимтааш одам шуда, рўи об баромада бошад, аз ғайраташ, ё худодод ягон чиз доштагист. Аз ҳамин кас шогирд чӣ ёд мегирад?
– Ин фикратон ғалат, Оқилов, – ман ба чашми вай рост нигаристам. –Мо аксар ҳамин тавр фикр мекунем. Агар ба ягон поя расида натавонем, муаллим гунаҳгор, агар расем, аз қудрати худ медонем, аз истеъдоди худ миннатдорем.

пешина
аз 91
навбатӣ