Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

– Чӣ мефармоед?
– Ҳеҷ чиз. Дигар наояд.
– И-и, пирию хартозӣ! Кадом ҷин зад? Барои ҳамун?.
– Не, худам, ҳамту.
– Ҳамин ҳам гап шуд! Дилатон чӣ мехоҳад?
– Гўед, ки ҳеҷ чиз намехўрдааст.
– Оббо.
Оқилов баромада рафту хеле вақт гум шуд. Баъд тугунча дар даст аз табассум даҳонаш ба гўшаш расида, омад.
– Ана, манту, мана манту! Оҳ! Оҳ! Оҳ! Аз бўи мурчу зирааш оби даҳонам шорид-е! Шумо беҳуда шаб боз табъа хира карда гаштед. Хайр, дасташон нарасидагист, ё гўшти соз наёфтагистанд? Мешавад-дия, зиндагӣ. Агар пай бурда бошед, ҳафтаи гузашта келинатонро дашному хорӣ дода, ҳай кардам.
Ўсмаю сурмаи очааш намонд, гўри ҳафт пушташ намонд, ҳақорат додам.
Падарлаънат соати нўҳи шаб омадаст! Аз раҳ нигаристан тори чашмам канда шуд. «Укаам аз мактабаш дер омад, кўдакро ба кӣ монда биём?» мегўяд. Рўзи дигар омад, набаромадам. Хўроки овардаашро фиристод, гирифта мондаму ҳеҷ чиз нагуфтам. Сонӣ нигарам, бечора таҳ-таҳи тирезаҳо чашм андохта, кофта гаштаст... Охир гиря кард... Қадри марда донад-дия!
Онҳо ба мантухўрӣ нишастанд. Ман берун рафтанӣ будам, аммо намонданд. Ночор ду дона манту хўрдаму сонӣ хўроки тунд хўрданам манъ аст, гўён бархестам.
Табъам хира шуд. Чӣ кор кунам, ба куҷо равам, духтари интизори муаллим ва зани таг-таги тирезаҳо Оқиловро кофта гаштагӣ пеши чашмам меомад. Дар ҳақиқат муҳаббат ва садоқати занҳо ҳудуд надорад...

  1. АЙЁМИ ИШҚ

Ба ҳама маълум аст, ки пойдории маънавӣ ва эътимодбахшии инсон дар муҳаббати ў ба зан зоҳир меёбад. Ҳамчунон борҳо хондаам ва шунидаам, ки муҳаббати зан, сарфи назар аз чигунагиаш рўҳи инсонро баланд мекунад, болу пар мебахшад, нерую заковат медиҳад. Намедонам, ин маънӣ чӣ андоза дуруст аст, лекин муҳаббати Рухсора тамоми ҳастии маро ба худ тобеъ карда, намегузорад, ки ба ягон кори дигар ҷиддӣ машғул шавам. Аз бозе ки бо ин духтар сару кор дорам, гўё доим дар тараддудам, ҳамеша мунтазири ягон ҳодисаи фавқулодда аҷиб рўз мегузаронам. Чунон ки ба тамошои филми шавқоваре дода мешаведу тамоми ҳастиро фаромўш мекунед, ман ҳам баъзан шабу рўзҳои ошиқиамро ба филми дуру дарозе монанд мекунаму худ ба худ мегўям, ки ин аҳвол поёне доштагист ва рўзе мерасад, ки ман боз ба ҳаёти муқаррарӣ бармегардам... Не, ҳоло ман аз ин гуна бозгашт метарсам. Дилам мехост, ки ин «филм» тамом нашавад, беохир давом кунад...
Ман дар кафедра вазифаи ассистентиамро иҷро мекардам, вақти холиам ба омўзиш ва таҳқиқи ҳашарот сарф мегашт. Аз қитъаи таҷрибавии институт як порча замин гирифтам, ба он баҳори оянда пахта мекорам ва бе истифодаи заҳр ба муқобил ҳашарот ҳашаротро ба кор андохтаниам.

пешина
аз 91
навбатӣ