Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Рухсора ба таҳсил шурўъ карда, ҳоло аз духтарони фаъоли курсҳои якум ба ҳисоб меравад. Ман фақат аз як чиз хиҷил, алҳол гапи ману вай аз як ҷо намебарояд. Мо ба якдигар сидқан моилем, ба ҳар ҳол ман ба самимияти вай боварӣ дорам. Агар худи маро пурсед, ҳама фикру андеша, кору бор, орзую омоли ман аз ин духтар аст, ягон рўзи ҳаётамро аз ў дуздида, сарфи шуғли дигар насохтам. Чашми ман фақат ўро мебинад, гўшам фақат садои ўро мешунавад, саҳар аз бистари хоб бо умеди дидори ў бархеста, шаб бо хаёли рўи вай сар ба болин мениҳам ...
Ману вай аҳён-аҳён танҳо ба танҳо вомехўрем. Дар долони институт ва ё дар ягон гўшаи ҳавлӣ, ошхона, қироатхона ў бо ман соате ҳамгап мешаваду дарҳол мегурезад. Ман ҳам чун дигарон бо ёри дилбохтаам ба сайр рафтан, шабҳо дар гулгаштҳои фараҳафзо бо ҳам нишаста, сўҳбат кардан мехоҳам.
Аммо чӣ илоҷ, ба қавли худаш, вай «ин хел имконият надорад». Аллакай падару модараш муомилаашро бо ман фаҳмида, дилашро сиёҳ кардаанд.
Падараш ба назди ректор ҳам омадааст. Самеъзода рўзе маро ба идораашон ҷеғ заданд. Дар кабинети фарох тамокукашон қадам зада, аз зисту зиндагиам пурсиданд, дар омади гап, аз аҳволи падару модарам, кию чӣ кора будани онҳо савол карданд. Ректор марди бағоят ҳайкалдор бошанд ҳам, чобукҳаракат, каме даҳансахт, аммо одами ростдил ва адолатпешаанд. Вақте ки муносибатамро бо Рухсора пурсиданд, буду шуди гапро гуфтам.
– Падараш хавотир шуда ба ин ҷо омад. Ба вай одам гап фаҳмондан мушкил барин, – гуфтанд Самеъзода суханамро шунида андешамандона. – Гуфтам, ки якдигарро агар писандида бошанд, кори хуб, ҷавон меарзад...
Аммо вай дар назди ман шартҳои худашро монда, гаранг карда нишаст. Аз институт ба ҳеҷ ҷои дигар наравад, аз шаҳр ҳавлӣ гирад, боз як дунё ултиматум. Бародар, гуфтам, ман барои шумо кистам, – ректор бо тамасхур хандида хомўш монданд. Сонӣ ба ман рў оварданд: – Биё, аз баҳри ҳамин савдо гузар, – он кас якбора ба «ту-ту» гузашта, ҳукм карданд. – Дар институт агар тавонӣ, бегапу калоча хонадор шав. Не, агар кор ба ғавғою ҷанҷол гузарад, нағз намешавад, – ректор аз роҳгардӣ бозистода, ба рўи ман зеҳн монданд. Ман нигоҳи норозиамро гурезондаму ҳарфе назадам.– Сари хамидаро шамшер набуридаст.
– Ҳар чӣ ҳам бошад, ту дар институт кор мекунӣ, вай шогирди ту, мардум ин ғавғоро шунида, чӣ мегўянд?! – оташин мешуданд он кас. – Ҳар касе, ки дар ин ҷо кор мекунад, бояд шахси аз шубҳа пок бошад! Намегўям, ки ту ба дўстдорӣ ҳақ надорӣ. Марҳамат, хонадор шав, ҳамсаратро дўст дор, аммо... – ректор бо ангушт ба рўи миз таблакзанӣ карданд, ки маънии он, огоҳ мекунам, сонӣ аз ман наранҷ гуфтанашон буд.
Лаҳзае ҳар ду ҳам фикр карда мондем. Сонӣ он кас бо овози пасттар ва оҳанги дигар гуфтанд:
– Ба духтар каҳтӣ наомадаст, ягонта ба худат муносиб, духтари ҳозирзамонро ёфта, маъқул куну овозаю дарвоза накарда, ба пеши худам биё, худам хостгор мешавам. Тўятро ҳам дар институт мегузаронем. Ҳамин хел як ҷавон, – ректор дасташонро шоф карда, ба ман ишора карданд, – афту башара дар ҷояш, қадду баст чор кас медидагӣ... Хўш, ки бошад, мутахассиси даркорӣ, дар як институти калон кор кунию барои як духтар ғавғо бардошта, ояндаи худро ҳеҷ карданат мумкин...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё