Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Ин гуна гуфтушунид байни муаллим ва донишҷў рўй доданаш ҳеҷ аҷобате надорад. Баъзе ҷавонони кундзеҳну худписанд барои бе барориашон аксар аз муаллимон домангиранд.
Лекин аз миён муддати дарозе нагузашта буд, ки ман маҷбур шудам ин воқеаро боз ба ёд орам. Ба ёд орам, ки чӣ гуна Исрофилзода барин муаллим «обрўи сардори гурўҳро нигоҳ доштан даркор, ба он кас сахт нарасед» гуфту ман нописандӣ кардам. Сухани онҳоро ба замин задан чӣ маънӣ дорад, сонитар фаҳмидам. Аммо чӣ илоҷ, ман ҳамон вақт ҳам, баъд аз ин ҳам дигар хел рафтор карда наметавонистам. Агар гўянд, ки ҳаётатро аз дигар сар кун, ман боз ҳам ин муомиларо такрор мекунам.
- МАНУЧЕҲР
Агар ман дар дунё ба касе ҳасад бурда бошам, ҳамин Манучеҳр, рафиқи ҳамкурсам. Дар соатҳои дилтангӣ борҳо ўро ба ёд оварда, таскин ёфтаам. Мо
–ҳама кор мекунем, мехонем, фикр мекунем, аз баҳсу талош, аз бедардию фориғболии одамон, баъзан аз пичингу киноя, аз нигоҳҳои ғаразнок дилтанг ва асабонӣ мешавем ва оқибат дар поёни рўз хастаю лакот гашта, ба хонаҳои худ паноҳ мебарем. Мо хурсандӣ намекунем ва хушнудӣ намеҷўем. Аммо Манучеҳр гапи дигар! Вай аз ин доира берун, вай мудом барои худ василаи хурсандӣ ёфта метавонад. Ман дар давоми чандин сола шиносоӣ хандаи беғубори баъзе одамонро надидаам. Гўё мардум хандиданро фаромўш кардаанд. Баъзан мебинед, ки одамон заҳрханда мекунанд, писханд мезананд, лаб каҷ менамоянд, аммо хандае, ки аз дили кас гиреҳ кушояд, кам ба гўш мерасад... Ҳайвон намехандад, мурғон ҳам хандида наметавонанд, фақат одам хандида метавонад, аммо ку он ханда?! Аз одамони атрофи ман фақат Манучеҳр, ба қадре ки барои инсон зарур аст, механдад. Муаллим Ҷўразода ҳам агар аз ягон чиз ба ваҷд оянд, кўдаквор печутоб хўрда механданд, аммо аҳён-аҳён ин хел ҳолат рўй медиҳад. Ёд дорам, боре чӣ гуна мўрчаҳоро мушоҳида карданамро гуфтам. Мўрчаҳо ҷасади мурдаашонро аз хона дур меандозанд. Барои таҷриба ман аввал мўрчаеро нимҷон карда, ба назди мўрчахона мондам. Мўрчаҳо ба вай кордор нашуданд. Онҳо ба мўрчаи навмурда ҳам эътибор надоданд. Аммо мурдаи кўҳнаро фавран аз мўчахона дур меандозанд. Ман мўрчаеро ба даруни мурдаҳои кўҳна андохтам ва баъди чанд муддат онро озод кардам. Ҳамин ки мўрчаяк ба хона наздик шуд, ду-се тан аз ҳамҷинсонаш ўро кашолакунон ба ҷои мурдапартоӣ бурда, партофтанд. Мўрчаяк боз баргашта омад, вале онҳо ўро боз ба «гўристон»
оварданд. Аз мўрчаяк ғолибан бўи мурда меомад, ки ҳамҷинсонаш то хеле ўро ба хона наздик шудан намонданд. Инстинкт... Ҷўразода инро шунида, чунон ба завқ хандиданд, ки мабодо нафасгир мешаванд, гўён тарсидам.
Манучеҳр тобистон баъди дипломашро гирифтан ба кор таъинот гирифта рафту баъди як моҳ боз дар институт пайдо шуд. Гуфт, ки ба аспирантура дохил шуданӣ. Бо ҳамин дар як гўшаи донишгоҳ даробаро карда гаштаст.
Ин бегоҳӣ дилтангона чӣ кор карданамро намедонистам. Ба куҷо равам, ки камтар дилам кушода шавад, гўён ҳайрон будам. Кафею ресторан барои серпулҳо ҷои дилхушӣ аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё