Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Кай боз ҳисобу китобашон чигил гашта, донишҷўён пулашонро нагирифта будаанд.
Исрофилзода бештар вақташро дар штаби факултет, дар давраи калонон мегузаронд. Дар ин ҷоҳо аз раиси колхоз сар карда, то агроному саркорҳо– аксар бо ў шинос буданд, хеле иззату икром мекарданд. Мудом кас мефиристоданд, ба тўю меҳмонӣ мебурданд. Аз калонони колхоз ҳар касе ба бригада ояд, ўро мепурсад, аммо бечора Ҷўразода омада, як ҳафта истода рафтанд, ҳеҷ кас нагуфт, ки ту кистӣ?! Саркор як асп ёфта надод, ки ба штаб савор рафта оянд. Ду бор пиёда рафта омаданд.
Ман ҳисобу китоби пахтаи чидаи донишҷўёнро дуруст карда, аз колхоз пулашонро оварда додаму як ҳафта ҷавоб гирифта, ба деҳа рафтам.
Он рўз дар ҳаётам дарозтарин рўз буд, гўям, муболиға намешавад. Ду қуттӣ сигорро дуд кардам. Дар хобгоҳ касе нест, ки сўҳбат карда, андармон шавам, ҳама дар пахтачинӣ. Дарун медаромадам, берун мебаромадам, сигарет мекашидам. Хаёлам ба ҳазор кўй мерафт. Вақте ки модараш пурсидаанд, Рухсора гуфтааст, ки «вай бача гумонатон доим аз қафои ман мегардад? Не, вай якам шармгин, гоҳе рў ба рў гардем, ба азобе гап мезанад.
Ҳамту, маъқул кардаст, хайр, ҷавони бад не». Дигар гап назадаст. Вай гуфт, ки агар ман қатӣ вохўрда, ҳамгап буданатонро гўям, дигар аз хона баромадан намемонанд... Хайр, ман аз вай ҳамин қадар ҳам умедвор набудам.
Имрўз пагоҳӣ дадааму амакамро ба Ҳалқасой гуселондам. Ҳоло бетоқатона ба роҳ менигараму аз дилтангӣ сигарет аз паи сигарет мекашам.
Шояд падару модараш ба сари инсоф омада, хайр, ба дилхоҳаш медиҳем, гуфта бошанд. Аз тарафи дигар, ҳеҷ боварам намеомад, ки падару модари Рухсора ин гуна осон ба тўйи мо розӣ шаванд. Афсўс, адреси ҳамон амаки дар шаҳр будаашро аз Рухсора напурсидаам. Ба хонаашон кофта рафта, илтимос мекардам, зорӣ мекардам... Агар вай одам имрўз ҳамроҳи дадамино ба хостгорӣ мерафт... Ба пеши як одами бегона чӣ гуфта равам, гўён истиҳола кардам. Кӣ медонад, вай розӣ мешуд ё не? Агар падару модари Рухсора аз тасмимашон нагарданд, як бор ба назди ҳамин амакаш меравам.
Ҳамроҳи Манучеҳр меравем.
Рўз бегоҳ мешуд. Маро ғам мегирифт, ки агар ноумед гашта оянд, ба рўи онҳо чӣ хел менигарам. Амакам-ку, марди ҷаҳондидаи дилфарох, хорӣ дода, аз дарашон ронанд ҳам, боз омада маро дилбардорӣ медиҳанд, аммо падар гап намебардоранд. Мўйсафед барои иззати нафс ҷон медиҳанд. Худо накунад, мабодо онҳо ягон гапи пасту баланд зананд, маро ҳамту намемонанд. Аз ин ҷиҳат ҷонам дар сари як мўй ларзида меистод. Ба ғайр аз ин, падар ба духтар хуш кардани ман чору ночор розӣ шуданд. Моҳи август писари амакам Ҳамид омада, маро ҳамроҳаш ба деҳа бурд. Сонӣ сари раҳ, гўё барои ҳолҷўӣ ба деҳаи холаи дадаам даромадем. Ман пай бурдам, ки Ҳамид бо таъиноти махсус амал мекунад. Мақсадашон духтари ин холаашонро ба ман нишон додан, сонӣ хостгорӣ... Баъд дар деҳа хешу табор маро миёнагир карда, ба ин кор розӣ карданӣ шуданд. Э, дар тавсифи духтар, падару модари вай, покизагии зоту зурриёташ, хосияти неки бо ин хел одамони поку ҳалол хешу табор шудан чӣ қадар гап заданд, далелҳо оварданд, мисолҳо гуфтанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё