Зеҳн
Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Фикри бадеии нависанда дар повести «Тору пуд» бо ин байти Фирдавсӣ хулоса шудааст:
Нигар то чӣ корӣ, ҳамон бидравӣ,
Сухан ҳар чи гўӣ, ҳамон бишнавӣ.
Ин гўё хулосаи бадеии ҳамаи воқеаҳои повест ва тамоми саргузашти қаҳрамонон, хулосаи таҳқиқи гуногунҷиҳати масъалаи масъулиятшиносии шахс ва ҷамъият мебошад, хулосаи амиқест, ки моҳияти масъаларо ба хубӣ равшан мекунад. Нависанда бо мантиқи ҳамаи воқеаҳо ва сарнавишти қаҳрамонон, аз забони шоири бузурги моҳиятбин моро огоҳ месозад, ки ҷавобгарию вазифашиносиро бояд як лаҳза фаромўш накунем. Инсон барои ҳар қадам ва ҳар суханаш дар назди дигарон ҷавобгар аст ва ягон кору ягон гуфтори ў беоқибат намемонад. Аз ҳамаи ин рафтору гуфтори шахсони алоҳида симои умумии ҷамъият ҳосил мегардад ва ин ҷамъият ҳам дар пеши ҳар як узви худ, дар пеши мардумони имрўз ва фардо, дар назди таърих масъулият дорад. Шахс аз ҷамъият ҷудо нест ва ҷамъият аз шахсони ҷудогона. Муносибати шахс ва ҷамъият, масъулияти шахс ва ҷамъият дар назди якдигар робитаи диалектикӣ дорад ва ҳар чӣ неку баде, ки дар ин миён ҳаст, инчунин оқибатҳои он ба дараҷаи баробар чӣ сарнавишти шахс ва чӣ вазъи ҷамъиятро муайян мекунад.
Даврон - қаҳрамони «Тору пуд» дар беморхона саргузашти даҳшатноки худ ва беинсофию ноодамиҳоеро, ки дар андак муддат дид, фикр карда, дар охир чунин хулоса баровард:
«Зиндагӣ худаш ислоҳ мекунад, гузашти замон мусаҳҳеҳи забардаст аст.
Ҷамъият, агар солим аст, монанди оби баҳр худашро аз ҳар олоише покиза месозад».
Аз ин андешаҳои Даврон ва аз ҳама муборизаҳои ў дида мешавад, ки моҳияти замони худро дуруст фаҳмидааст, ки дар зиндагӣ бо дилпурӣ қадам мезанад. Ҷамъияти мо баҳри пурмавҷест, ки ҳамеша худро «аз олоишҳо покиза месозад». Ҳоло афкори ҷамъиятӣ барои ба соҳили нестӣ бароварда партофтани бетартибию бенизомӣ, худсарию худбинӣ ва дигар руйдодҳои манфӣ нақши калон бозида истодааст.
Ин аст, ки Баҳром Фирўз, ки ҳикоянависиро аз ҷузъиёти хурди зисту маишат, аз таҳкияи батааннии оромона оғоз карда буд, имрўз аз гуфтори халқ ва тасаввуроти вай нағз огоҳӣ дорад.
Ба забони халқ бо эҳтиёткории тамом наздик шудан ва аз ин ганҷина дурдонаҳо ҷустан аз давраҳои аввали таърихи адабиёти советии тоҷикӣ, хусусан бо ҷаҳду ҷадали устод Айнӣ бисёр ривоҷ ёфта буд. Имрўз ин корро нависандагони миёнсол ва ҷавон давом дода истодаанд. Ин гурўҳ сабки характерофарии тоза ва назари амиқбин доранд, мактаби таҷрибаи адабиёти ҷаҳониро гузашта, имрўз дар ин роҳ баъзан хеле эҳтиёткор буда, анъанаҳои Айнӣ, Икромӣ, Улуғзодаро аксаран ба тарзи дигаре ва ҳар кадоме ба таври худ инкишоф медиҳанд. Баҳром Фирўз ҳам дар ҳамин қатор аст.

пешина
аз 91
навбатӣ