Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Баъзан нимишаб ба хобгоҳ ширакайф меомаду ҷои он ки оҳиста даромада хоб кунад, маро бедор мекард:
– Вафобек! Ў, Вафобек! –сару либосашро кашида истода, фарёд мекард вай.
Намедонам аз чӣ сабаб вай ба номи ман «бек» ҳамроҳ мекард.
Исрофилзода ҳамкори хушҳол буд, аммо ман он рўзҳо бо ғами худ андармон гашта, ба гўшам гап намедаромад. Китоби бисьёре оварда будам, дар соатҳои бекорӣ дар гўшае нишаста, мутолиа мекардам.
Дар ин ҷо вазифаи ман баркашида гирифтани пахтаи донишҷўён, сипас онро ба ҳисобдори бригада супорида, барои пахтаи чидагӣ справка гирифтан, фехраст сохта, пули аз хўрок баризофаи донишҷўёнро аз сандуқи хазинаи колхоз гирифта ба онҳо додан. Исрофилзода ҳар бегоҳӣ ба штаб, ба пеши калонон рафта, аз пахтаи чидаи донишҷўён ҳисоб медиҳад. Муаллим аз тоифаи он касоне, ки бо раҳбарон сару кор доштан, дар атрофи онҳо ҷўлида гаштанро нағз мебинанд. Хислатҳои аҷиб дорад.
Рўзе ректор ва парторги институт колхозро давр гашта, ба бригадаи мо омаданд. Онҳо ҳар сари чанд вақт барои ҳолпурсӣ меоянд. Дар институт, дар колхозҳое, ки донишҷўёни мо пахта мечинанд, чӣ аҳвол аст, чӣ гапҳои нав, кӣ ғайрат дораду кӣ не, киро сарфароз карда, ба кӣ ҷазо додаанд, хабар медоданд, аз мо ҳолҷўӣ мекарданд, таъинот медоданд. Исрофилзода намонд, ки гапҳои тозаро гўянду шунавем. Ба онҳо навбати сухан намедиҳад. Гоҳе сухан дар даҳонаш мемонду ректор аз ягон кас гап мепурсид, ё ба ягон кори мо эрод мегирифт.
Аввали моҳи декабр. Ҳаво сард гашта, як-ду раҳ борони барфолуд ҳам борид, аммо тафси замин кори худро кард. Деҳқонон кайҳо ҳосили полезҳояшонро ғундошта гирифта буданд. Дар пахтазор ҳам пахта нест, донишҷўён кураку қашқа мечинанд. Мо ҳар рўз интизори фармони ба шаҳр баргаштан будем. Плани бригада ҳам, плани колхоз ҳам кайҳо буд шуда, дигар онҳо ба қашкаи чидаи мо чандон эътиборе намедоданд. Ҳатто ба ҳисоб намегирифтанд, худамон ба саройи бригада бурда, дар таги айвон мерехтем.
Аслан онро пахта гуфтан ҳам хато, ғоз надошт, ба хамири сахтшуда монанд буд. Донишҷўён дарсҳои нахондагиро ба ёд оварда, фикр мекарданд, баъди ба институт баргаштан соати кадом дарсҳоро мебурранд, рўзе ҳаштсоатӣ дарс мехонанд ё шашсоатӣ, муҳокима мекарданд.
Ҳамон сол ғалла танқистар шуд. Орду нон ду-се моҳ камчин гашт. Ба мо сари вақт нон нарасид. Рўзи аввал захираҳоро сарф кардем. Рўзи дигар ошпаз аз субҳ ба анбор рафта, то бегоҳӣ гум шуда рафту боз ду даст ба бинӣ омад.
Агар дар деҳа, дар байни мардум мебудем, гурусна намемондем, аммо дар ин гўшаи бекас одам чӣ кор карданашро надониста, саргаранг мешудааст.
Картошкаю макарони таги халтаҳоро афшонда, хўрок пухтему ба донишҷўён таоми шомро бенон додем. Пагоҳирўзи дигар ҳам нон наомад. Қанд фаровон буд, аксар як пиёлагӣ қандчой хурданд, баъзеҳо печени ва конфет қатӣ ношто карда, ба қашқачинӣ баромаданд.
Исрофилзода ҳамроҳи ошпаз ба анбор рафту ман ҳамроҳи донишҷўён ба саҳро баромадам. Дар роҳ картошказори ҳосилаш ғундошта гирифтаро дида, аз раҳ гаштам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё