Рухсора

Шоир ва нависанда, публисисти шинохта, барандаи ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ, корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон Баҳром Фирўз (1939 - 1994) аз худ осори гаронбаҳое боқӣ гузоштаанд. Қиссаи «Рухсора» борҳо чоп шудааст, аммо дўстдорони каломи бадеъ ҳанўз ҳам ташнаи хондани ин асари нависандаи дўстдоштаашон ҳастанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 91 саҳифа
Омадаму каланду сатил гирифта рафтам. Замини картошкаро бо каланд дигарбора гардонда, то нимрўзӣ зиёдтар аз ду сатил картошкамайда чидам. Бачаҳо ба нимрўзӣ омаданд, картошка ҷўшондем. Ба ҳар кас ду-се дона картошка расид.
Боз аз идора дасти холӣ омаданд. Ваъда кардаанд, ки то бегоҳ озуқа мефиристанд. Дигар ба умеди ваъдаи онҳо нишастан нашуд. Бо Исрофилзода маслиҳат кардему ҳарду ба тарафи сарои пахтаи бригада рафтем, ду нафар колхозчиён дар пахтахушккунак ҷунбуҷўл мекарданд.
Аз хоначае, ки тирезааш ба тарафи раҳ буд, ба истиқболи мо саркор баромад. Дар тан ҷомаи зира, дар сар тоқӣ, вай як марди ҳайкалдор, шофбурут, рўяш сергўшт, нигоҳаш вазнину бовиқор буд. Саркор гап мезаду ба чашми кас наменигарист. Аз ин хислаташ тахмин кардам, ки вай одами коргар, аммо ростгўю чарбзабон аст. Аммо ҳайбати вай аз саркор дида бештар ба раисҳои солҳои пеш монанд буд. Саркор арзамонро шунида, «не-е, наход?» гўён дар ҳайрат афтод, оташин шуд, ба номи касе дашном фиристоду сонӣ аз мо гила кард, ки чаро се рўз боз ба вай нагуфтем. Баъд яке аз колхозчиёнро ҷеғ заду амр кард:
– Аспи мана савор шаву ба қишлоқ тоз. Ҳар як хона сетогӣ нон ёфта диҳад. Агар нонаш набошад, аз ҳамсояаш қарз гирифта диҳад. Аз хонаи Сафар, Шукур ҷамъи нони будагира мегирӣ. Боз аз хона як ҷувол картошка гир. Дар таги айвон рехтагӣ, худат фуромада, бардор. Тез гашта биё.
Баъди рафтани он мардак саркор ба Исрофилзода рў оварда гуфт:
– Домулло, шумо шаҳриҳо одати мора намедонед... Наход, ки дар ҳамин хел замони серӣ, дар қишлоқ, тўй аз паси тўю бачаҳо гушна шинанд?! Ба ёрдами мо омада, кор кунанду... – вай бо таассуф сар ҷунбонд. – Ҳар яктаи инҳо падару модар дорад, барои падару модараш азиз... Қишлоқ – одами пур, як порагӣ диҳад, сер мекунад, як муштӣ занад, мекушад... Истед, ки аҳволи худатон чӣ хел? – нигоҳи бовиқори вай ин дафъа рўи маро палмосида гузашт.
Ёфтам, нигоҳи вай ба нигоҳи шер, шери дар боғи ҳайвонот дидагиамон шабоҳат дошт. Азбаски вай маро донишҷў ҳисобида, беэътино, фақат ба Исрофилзода нигариста гап мезад, ман ду-се қадам канортар рафтам.
– Ягон чиз ҳаст охир? – пурсид Исрофилзода берағбат фиш-фишкунон. Ў «ягон чиз» гуфта ош ё ягон хел зиёфатро дар назар дошт ва оҳанги суханаш ба он далолат мекард, ки бо саркор борҳо ҳамтабақ шудааст.
– Ин хел бошад, ана, ба ин хона марҳамат кунанд. Хонаи гург бе устухон намешавад, чӣ гуфтед? – саркор моро ба ҳамон хонае, ки аз он берун омад, раҳнамоӣ кард.
– Бачаҳо чӣ мешаванд? – пурсидам ман оҳиста аз Исрофилзода.
– Саркор гуфтанд-ку, надидед, одам рафт? - гуфт вай дилпур, ба оҳанги акнун донишҷўён сер шуданд, гуфтан гир.
Саркор моро ба хона дароварда шинонд. Баъд худаш берун рафта ба саройбон супориши даркориро дода омаду дар таги тиреза чорзону зада нишаст.
Фурсате нагузашта, саройбон даромаду ба назди мо дастархон паҳн кард.
Аввал нону ангур овард. Саркор нонро шикасту моро ба дастархон ҳидоят карда, худаш ба гап андармон шуд. Нигарам, Исрофилзода ҳам шикамаш сер барин ба гап саргарм, мурооти зиёдро мунтазир нашуда, як пора нону як сар ангур гирифта хўрдам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё